Бахшҳо
12 июн 2015 09:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Хабари боздошти корманди дастгоҳи иҷроияи Президент

Корманди Раёсати кадрҳо дар Дастгоҳи иҷроияи президент бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, Раҷабов Ҳ.А.-ро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, Раҷабов аввали ҳафтаи равон боздошт шуда, чаҳор рӯз мешавад, дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад: “Алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст”.

Раҷабов 21 феврали соли 2014 дар бахши ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ба кор таъин шуда буд.
Мӯҳр
ватанпараст
Офарин ба КДАМ ЧТ!!! ягона макомоти пок (нисбат ба дигар макомоти кудрати) боки мондаст. манфиати давлату миллатро мардонаву часурона химоя мекунад. медонад ки дигар макомотхои кудрати бо чи корхо машгул астанд. киссаи пур надоранд вале дили пур аз мехри ватан доранд - ин асосист... Ватан хизматхои шуморо фаромуш нахохад кард, шермардони Ватан!!!

НАКОНЕЦ-ТО СПРАВЕДЛИВОСТЬ ВОСТОРЖЕСТВОВАЛА...МОЛОДЦЫ РЕБЯТА

Саид аз Кухистон
Бисёр кори муваффакро ба ичро расонидаед. Кош дигар макомотхои хифзи хукук низ кормандони воломакомро, ки бо ном дар Ватани азизамон кор карда истода аз мансабхояшон истифода мебаранд ва ба чои корашон иснод меоранд ба мисли Кумитаи амнияти милли корбари мекарданд. Вале афсус на хама макомотхо кудрати чунин корро доранд. Офарин ба КАМ!!!

Кулоби
Дар хакикат кормандони Амнияти шахсони содик ба миллату давлат буда дар хама мушкилоти вазнин дар пахлуи давлату миллат содикона хизмат кардаанд. Мисли кормандони ВКД ба Сурия ва Ирок намераванд ё ба равияхои гуногуни ифроти пайваст шаванд. Офарин кормандони шучоъ ва часури ватан ба пеш амниятихо мо ба шумо бовари дорем ва ба хотири фаъолияти мардонаву часуронаи шабонарузии шумо дар оромию осоиштагием зинда бошен бародари далери амният

мард бошад телевизоранда хизбашкати нишон теяд!

Ҳақиқатгуй
Аҳсан ба кормандони КДАМ. Рости ин нафар ниҳоят зарари сахт ба кишварамон расонда буд. Бисёри номзадҳои арзандаро ба руйхати сиёҳ ворид намуда, танҳо баъд аз иҷрои шартҳои ӯ метавонист пешбарӣ намояд. Тамоми ДиП ҶТ аз ин кор хурсанд гардида, умед ба фардои дурахшон намуда истодаанд

Чобир
Хасан аз соли 2014 не, балки хеле барвакт дар кадри чаноб буд. Овозахои зиёде пахн шуда буд, ки у пулчинак (кассири) мушовири кадр аст. Сано ба Амният! Ана хамин хел бояд кор кунад...

бадчахл, Хасан узви ягон хизб набуд

Саид Ранчбар
Офарин генерал Ятимов! Чекистони вокеъии Ватан порхурро боздошт карданд.

Тахлил
Дар вокеъ кори ин макомотро таъриф кардан хато нест. Вале сабаби содиршавии чинояти корупсиони аз тарафи ин кормандро муайян ва тахлил кардан лозим. Сабаби асосии он ба фикри ман норасоии шароити иктисоди мебошад. Вагарна чунин шахс хечвакт чони худро дар хатар намемонд. Аслан мо точикон бояд шароити иктисодии чумхуриро бехтар гардонем ва танхо хамин омил моро аз дигар холатхои ногувор бурун хохад кашид. Ба дарди ин бечора хурсанди кардан кори нагз нест.

О и бача ай Файзободай барои хами

Офарин
Э хазор рахмат ба ин Рохбари Кумитаи Амният ба ин кори хайр ва савоб, ки Сиесати Рохбари Давлатро аз чунин ашхоси тоза кардаистодаед Мабрур ба Шумо!

КАМ
Офарин КАМ. Хамара коил карди неки.

Худоро шукр, ки ин корро КДАМ анҷом додааст. На дигар ниҳод.... Амнияти миллии Тоҷикистон бояд боз мисли замони Шуравӣ фаол бошад. Хаста набошед! Дар ҳама ҷо порахӯронро аз гулӯнашон гиред, ки минбаъд онҳо аз мардум ҳатто 50 дирам талабида натавонанд. Касе хоҳад бо ана ҳамон маоши муқарраршудаи давлат кор ва қаноат кунад. Нахоҳад, чор тарафашон қибла. Зеро дар як оила чанд нафар кор мекунад. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз "камбизоатӣ" наноланд ҳам мешавад. Одами камбизоат ҳеҷ вақт ба он структураҳо роҳ намеёбад. Акнун макотиби мамлакатро ҳам аз директорони баднафси порахӯр тоза кунед. Охир, ин чӣ гап худаш! Ҳамаи бори иқтисодии мактабро ба дӯши волидон партофтаанд. Магар ин шармандагӣ нест, ки талабагон ба мактаб ба навбат бӯр (мел) биёранд? Барои журнал пул биёред, барои латта пул биёред, кондисионер харед, асбоби гармдиҳӣ харед, тахтаҳои электронӣ харед, китобчаҳои муаллима навистагӣ харед, барои ремонт пул ҷамъ кунед, барои рӯзи таваллуди муаллим(а) пул ҷамъ кунед, барои зиёфат барои муаллимон пас аз имтиҳонот пул ҷамъ кунед ва дигару дигар ҷамъкунедҳо! Илова бар замми ҳамаи инҳо боз ҳар моҳ 10 сомонӣ фонди синф супоред. Ин фонди синф, ки ҳар моҳ тахминан 300 ва аз он зиёд сомониро ташкил медиҳад (дар 10 моҳ 3000 сомонӣ дар як синф!!!), ба куҷо меравад, онро фақат роҳбари синф медонаду директори мактаб! Узр, шояд Вазорати маориф низ донад smile . Дар ин бора даҳон кушоӣ талабаро дар мактаб муаллимон байни худ "душмани мактаб ва директор" ё, ба қавле, Персона Нон Грата - шахси номатлуб- эълон мекунанд. Ҳама аз ин вазъият безору безор шудаанд! Директорон ошкоро мегуфтаанд, "хоҳед ана ҳамин хел, нахоҳед ба дигар мактаб кӯчед. Ба мо давлат як дирам ҳам намедиҳад. Аз падару модарон гиред, мегӯяд!" Оё ҳамин рост аст, ки мактабҳоро ҳукумат дигар маблағгузорӣ намекунад? Касе ҳаст, ки ин сирро ошкор кунад?

Ин бисёр кори хуб нашуд. Барои он, ки худи чаноби Оли бисёр кушишхо мекунад, то ки ин амал дар чамъият набошад.

Шабакаи авал ай барои чи ихел чизора нишон намети?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)