Бахшҳо

Муҳаммадиев: Шармам меояд, чунин шахшудагиро якумин бор дидам...

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шарҳи шикасти тимаш аз дастаи Урдун бо ҳисоби 1:3 изҳор доштааст, ки барои чунин натиҷа ва бозии беҳунарона шарм медорад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Муҳаммадиев овардааст, ки “ростӣ, пеши мухлисон шармамон омад. Мухлисони зиёд омаданду мо бо чунин як беҳунарӣ бозиро бохтем. Ман аз ин ҳайратзадаям, якумин бор бозигаронамонро дар чунин ҳоли шахшуда дидам. Чунин бозӣ кардан мумкин нест. Мумкин гармозада ё аз ҳад зиёд ҳаяҷонзада шуданд. Инро таҳлилу ташхис мекунем. Аммо бояд бозии хуби ҳарифро низ зикр кунем, ки аз мо бақувваттар буданд”.

Муҳаммадиев ин шикастро бохти даста хонда, танҳо бозии Манучеҳр Ҷалиловро қайд кардааст, ки дар сатҳи хуб баромад кард: “Ҳамчунин мехоҳам бозии дарвозабонамонро қайд кунам, ки ғайриимконро амалӣ карду дар бисёр ҳолатҳо дастаро аз гол наҷот дод”.

Дар ниҳоят сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз легионерҳо хоҳиш намудааст, ки минбаъд ба ҷамъомадҳои даста барвақттар ҳозир шаванд.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми 11-уми июн дар рақобати нахустинаш дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз яккачини Урдун бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Мӯҳр
Монополист
Футболро монополя куни, окибат хамин мешавад. Дар дастаи мунтахаби Точикистон 70 дарсадаш аз дастаи "Истиклол" мебошанд. Ин бохти мунтахаби Точикистон набуд, балки аз "Истиклол" буд!

барои он, ки футбол нагз бози кунанд аз тамоми минтакаи точикистон бозингаронро овардан даркор. На танхо аз Душанбею Кулоб

Мухсин ака, хайрон нашавед, иноя авлоду арбохаш карахтан. хамин хел ака. Таърих гувох аст. просто точики точдоран, тамом

01
Мухтарам огои Мухсин мо аз махорати пасти дарвозабон хееееле нигаронем хохиш мекунем онро дар навбати аввал иваз кунед вагарна мо аз мухлисии футболи Тчк даст мекашем.....

Мухсин ! Ман ба Шумо як муамморо мекушоям .
Аз ин пас суруди Помир- Помир-Помир-ро дар давоми бози истифода баред иншооллох бачахо рухбаланд мегарданд ва пирузи насибатон мегардад.

Пеле
Чавоб ба зан,
Дар футбол ягончизро намефахми бо гап мезани, нагзтараш аз пушти кори хонаат шав.
Дар ин чо легионерхо, аз дигар давлатхои хорича бо футболистон созишнома баста гирифта овардан даркор, ки то дар дастаи мунтахаби давлати мо бози кунанд, хатто даркор бошад ба футболистони хоричи шиносномаи шахрванди Точикистон диханд.

Футболист
"Мумкин гармозада ё аз ҳад зиёд ҳаяҷонзада шуданд" Аллакай бахонахо пай дар пай пайдо шудан мегиранд. Мухсинчон ман ба чойи ту мешудам истеъфо медодам. Ин ба ФФт низ дахл долрад.

Аввал тренера иваз кардан даркор! баъд дарвозабонро ва баъдан футболбозонро ай хамаи минтакаи Точикистон чамь овардан лозим!

бозии дастаи росия кати бояд хуб шава

рост дуруст кайд кардед

Пеле
Хой мардум хами рахмат бген, ки Мухсинчон рози шдай, ки дастаи мора тарбия дихад. Ай кчое наовардан ягонташ ба чени Мухсин натавонист дастаро ба боло барорад.Дар ин шахс мехри Ватан то хол хастай. Хамин шахс метавонад дастаро голиб барорад. Вакташ бтен, Нав 2-3 сол шуд, ки дастаро тарбия кардестай.

Maga),
Обруи ки Мухсин Мухамадиев, дар пеши инсонхои Душанбеи кухан дорад, ту барино, як умр ин хел обруву изатро гирифта наметавонен.
Мухсин ака, саломат бошед!

Яъкуб. Душанбешахр.
Бехтарин бозингар дар ин бози дарвозабон буд, ки чанд лахзаи голзании Урдунихоро барбод дод. Он голхое, ки зада шуд айби мухофизатгарон буд на дарвозабон. Он бародароне, ки дар инчо шарх менависанд пеш аз он бозиро як бор бо диккат тамошо кунанд баъд шарх нависанд. Дуввум онки бехтарин бозингарон дар даста даъват шуда буданд. Баъзе нафарон футболро намефахманду мегуянд аз хар минтака бояд бозингаронро даъват кунанд на аз як ду даста.Савол ба хамонхо дорам; дар кадом минтака бозингарони хуб хаст, ки даъват нашуданд? Як таашро гуед фахмем бо ному насабаш? Урдун дастаи пуркувват хаст, ки соли гузашта Кореаву Чопону Узбекистан ро маглуб карда буд! !

бале вокеанхам роста мега

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)