Бахшҳо

Ҳимояти Э.Раҳмон аз тоҷикӣ кардани номҳои русию туркӣ дар Хатлону Варзоб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар пешниҳоди вакилони ноҳиявию вилоятиро барои тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон номи деҳаи “Ленинград”-и ҷамоати “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба “Зархез” ва номи деҳаи "50-солагии Комсомол” ба “Чорбоғ” иваз мешавад: “Инчунин дар ҷамоти деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш номи деҳаи “Перепадная” ба “Шаршара” ва номи деҳаи "Сафедов" ба "Сафедоб" иваз мешавад. Деҳаи “1-Май” номи “Нуробод” ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати Вахш деҳаи “Қараланг” ба “Деҳқонобод”, “Қизилтумшук” ба “Файзбахш” деҳаи “Янгиобод” ба “Истиқлол” ва “Яккадин” ба “Гулбоғ” иваз карда мешаванд".

Бо қарори ҳукумат дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш деҳоти “Қушқудук” ба “Иттифоқ”, “Томчи” ба “Лолазор”, “Куйканак” ба “Меҳробод”, “Қазоқон” ба “Пистазор”, “Дунгизадир” ба “Баракат”, “Қучқорбулоқ” ба “Офтобрӯя”, “Учбулоқ” ба “Сечашма”, “Қарабодом” ба “Гулибодом”, “Тераклитоғ” ба “Орзу” ва номи деҳаи "Тошробод” ба “Дустӣ” иваз мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзобро низ дастгирӣ кардааст: “Аз ҷумла дар ҷамоати Чорбоғ номи деҳаи Муғулои поён ба “Меҳробод”, “Чағатай” ба “Шодоб”, “Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён”, “Тойқара” ба “Гулбоғ” иваз мегардад”.

Дар баробари ин бо қарори ҳукумат дар сурати тасдиқаш аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ деҳаи Қулмаҳмадии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ номи “Яккачашма"-ро мегирад.
Мӯҳр
Бисер кори олие кадаанд..

донигчу
Вафо
Номхои дехахои Точикситон бутун узбаки будаст ку

бехтарин пешниход ! Номхои шахру, вилояту, нохия ва дехахо бояд мисли насабхо точики шаванд. Аз чумла "Каратог", "Кизил-Калъа", "Кизилсу"-ву дигару дигараш бояд номи точикиро бигарнд !

хакикат талх аст
Бехтарин!
Мо тарафдори ин амал. Ин Точикистон аст на узбекистону русия. Хуб мешавад, ки номи хамаи мавзеъхо ки ба забони гайри давлатианд иваз карда шаванд.
-----то ба сатру риш дахолат кардан ин масъалахоро хал кунед хубтер мешавад.

“Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён” хаха

кулоби
бисер кори хуб карданд ягон вакили ватандуст нестай номи кургонтепара иваз кунед**

Бсёор Кори хуб .Пешвои Миллат Хамаи Номхои Бегонаро Решакан Кардан Даркорай Миллатро Бо Ватандусти Хондан Даркорай

Хамин ном иваз куни дехахо иктисодиети Точикистонро аз бухрон набарорад, дигар ягон чиз фойда накард))

max
Аз ҳама муҳимтар: - Ҳатман ва ҳарчи зудтар номи ноҳияи темурмалик (собиқ ноҳияи Советский) бояд ба Тоҷики иваз карда шавад...

Кулябец
Дар Самарканд, ки макони точикон хаст хама дар шиноснома узбек шудаанд, лекин номи махалхоро иваз накардаанд . Аз ин номивазкуни хеч фоидае нест. Дар бисер дехахо туркзабонхо зиндаги мекунанд бигузор номи дехаашон ба таърихи пайдоияш вобастаги дорад истад!!

Хеле хурсанд шудем аз ин икдом, лекин ба махаллае ки дар чамоати ба номи С. Айнии н. Варзоб аз соли 2002 инчониб вучуд дорад ва истикоматкугандагонаш номи Дехаи Ориёно-ро пешкаш кардаанд номгузориааш тастик намешавад. Кариб сад хочаги истикоматкунандаи махалаи ИКС мебошанд.Сайд,

Ин масъалаи мухимтарини Точикистон , хама корхо буд шуд....ачабо Нигина АмонКУЛоваро чи ном мемонда бошанд?

Вафо,
Бале, бародар Вафо, "бутун будааст". Акнун дигар намешад. Оё шумо медонед, ки шаҳри "Ангрени" Узбакистон аз калимаи "Оҳангарони" тоҷиқӣ реша мегирад? Ҳоло ҳам ин шаҳр шаҳри оҳангудозҳои (металлургҳо) давлати ҳамсоя ҳисоб мешавад. Аз оне, ки ӯзбакҳои дертар омада(аз ҷумла пасмондаҳои сарбозони муғул) натавонистанд калимаи тоҷикиро талаффуз кунанд, онро бо тарзи худ тағйир додаанд. Ҳамин тавр калимаи "Саросиё" аз "Сариосиё(б) пайдо шудааст. "Чорвоқи" Тошканд (номи НБО-ГЭС) калимаи вайроншудаи "Чорбоғи" тоҷикӣ мебошад. Ин се ном аст, ки банда дар ёдам ҳаст. Вале агар мушаххасан бо ин кор машғул шавӣ, боз садҳо топонимҳои (номҳои ҷуғрофӣ) тоҷикиро дар Узбакистон пайдо мекунӣ. Чаро ин тавр аст? Ин аз он далолат медиҳад, ки як замонҳо онҷо намояндагони ҳамин миллат зиндагӣ кардаанд. Бо мурури замон ин ҳолат тағйир ёфтааст. Замоне мусулмон дар паҳлӯи мусулмон зиндагӣ мекард ва фарқе набуд, ки он маҳалл номи тоҷикӣ дорад ё узбакӣ. Касе пештар ояд ба он маҳалл номи худро медод. Ҳамин аст, ки Узбакистон пур аз номҳои тоҷикӣ ва Тоҷикистон пур аз номҳои узбакӣ аст. Далели охир замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки чапу рост ҳамаи номҳоро бешармона русӣ карда буданд. Ҳатто дар деҳоти дурдаст, ки як нафар ҳам рус зиндагӣ намекард, номи қишлоқ, колхозу макотибро номи русӣ дода буданд. "Колхози ба номи Ленин, Калинин, Коммунизм, Сотсиализм, участкаи ба номи Свердлов, ноҳияи Орҷоникидзеобод, мактаби ба номи Киров, Горкий, Маяковский" ва ҳазорҳо номи дигар, ки русӣ буданд. Кӯчаҳои шаҳрҳо қариб сад фоиз русӣ буданд. Ин аз як тараф барои осон кардани кори худи русҳо бошад, аз тарафи дигар хислати оҳиста-оҳиста русигардонии (русификатсия) миллат ва мамлакати ғайри рус буд, ки сиёсати онвақтаи Маскав таъқиб мекард. Ҳоло замон дигар аст ва сиёсати имрӯза ҳаминро талаб мекунад. Калима бояд барои ҳама фаҳмида шавад. Натанҳо барои як қисми бошандагон, ки он ба забони онҳо рабт дорад. Ин кор ҳоло аз нуқтаи назари тақвияти мамлакат, ки Тоҷикистон ном дорад ва забони давлатии он сурат мегирад.

diplomat
хама чизро карданду хамин ,, шурообод,, монд хукумати шуроя мурданаша чанд сол шуду шуроободаш монд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)