Бахшҳо

Насибҷон Амонӣ: Ҳукумати Карзай торафт қавмгаро мешавад...

Озодагон: Ҷаноби Насибҷон Амонӣ ҳадаф аз роҳандозии бахши сириллик дар сомонаи «Тоҷикам» чист ва умуман чӣ андеша шуморо водор ба ин кор кард?
Насибҷон Амонӣ: Мақсад аз роҳандозии хати сириллик дар сомонаи «Тоҷикам» бо ҳам пайвастани тоҷикони кишварҳои ҳамзабон ва инъикоси розу ниёз ва андешаҳои тоҷикон мебошад. Қариб ду сол мешавад, ки ман ба ин сомона шинос ҳастам ва тӯли  ин муддат дидам, ки ҳадафи асосии ин расона ҳамгаройии тоҷикон мебошад. Бино бар ин, мо тасмим гирифтем, дар ин сомона як бахши вижае, яъне хати сирилликро роҳандозӣ намоем, то дар якпорчагӣ ва пайванди тоҷикон мусоидат кунад. Яъне, мақсад аз роҳандозии бахши сириллик ин аст, ки тоҷикон ҳамзабонони худро беҳтару бештар бишиносанд, ки ин омил барои нерўманд шудани миллат хеле муҳим аст.
Озодагон: Гуфтаниед, ки дар якпорчагӣ ва пайванди тоҷикони дунё дар ҳоли ҳозир ҳеч монеъа вуҷуд надорад, ё дигар?
Насибҷон Амонӣ: Агар ба воқеияти имрўзи Афғонистон назар афканем, ин давлат як кишварест, ки тўли 260 сол инҷониб зери султаи қабилагарони пашту (ва соири дигар аҷнабиён) ҳаст, ки инро масъулини сомонаи «Тоҷикам» оқои Дарвеши Дарёдилӣ ва Алии Назарӣ низ таъкид намудаанд. Ҳамин раванди қабилагароӣ ва милатчигии ашаддӣ дар он ҷо, то рафт нерў гирифта истодааст, ки ин ба зарари тоҷикон ҳам ҳаст. Бубинед, вақте ки нобаробарии миллӣ дар як кишвари сермиллати Афғонистон вуҷуд дорад ва як миллатро боло бардоранду миллати дигарро зери замин бизананд, албатта ин ба сарнавишти дигар миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон, ки мардуми бумии ҳамон сарзамин ҳастанд, хатари зиёдеро ба миён меорад. Айни ҳол дар Афғонистон нуфузи толибон (инҳо ҳам аксаран паштуҳоянд) ҳам дар ҳоли афзоиш ёфтан  аст. Ин дар ҳолест, ки тоҷикони Афғонистон аз рўи омори ғайрирасмӣ 37-40 дар сади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.
Озодагон: Шумо аз раванди қабилагароӣ, миллатчигӣ ва нобаробарии миллӣ дар Афғонистон ном бурдед, акнун бахши сириллики «Тоҷикам» дар ин росто чӣ кореро анҷом хоҳад дод?
Насибҷон Амонӣ: Бархе аз сиёсатмадорон дар Афғонистон ва ҳамчунин дар бархе аз кишварҳои минтақа ба миллати тоҷик назари манфӣ доранд, тасмим гирифтаем ба ин гуна ашхос аз тариқи бахши сириллик ва форсӣ посухи сазовор бигӯем. Дар ҳамин шабу рўз, ки Афғонистон дар ҳолати сангин қарор дорад ва сарнавишти минбаъдааш то ҳол норӯшан аст, чунин расонаҳоро мебояд ба мардум воқеиятро бирасонанд, то миллати ин кишвар сарнавишти хешро бисозад. Назарҳо ва гуфтаниҳои зиёде роҷеъ ба ин мавзўъ  хеле зиёданд, ки дар назар аст, зимни конфронси Бонн, ки моҳи декабр баргузор мешавад, садо диҳанд.  Яке аз мавзўҳои бисёр ҷиддие, ки сари он баҳсу талошҳои зиёд рафта истодааст ва  сомонаи «Тоҷикам» низ роҷеъ ба он матлиб чоп кардааст ва минбаъд бахши сириллик низ чунин мавзӯҳро пайгирӣ мекунад, ин масъалаи мисли имрӯз боқӣ мондан ё фардо таҷзия шудани Афғонистон аст, ки ин ҷо масъалаи ба ду бахш тақсим шудани Афғонистон ё  ташкил кардани давлати федеративӣ вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, гуфтаҳои донишмандони тоҷик ва порсизабонро дар масъалаи миллӣ дар бахши сирилик ҷо мекунем.
Озодагон: Расонаҳо, хусусан, сомонаҳои интернетӣ ба мардум пайваста робита доранд ва алъон аҳолии Афғонистон ба ин раванди қабилагароӣ ва миллатчигии Афғонистон чи гуна назар доранд?
Насибҷон Амонӣ: Ҳоло аз ҳукумати Ҳомид Карзай бисёриҳо норизо ҳастанд ва мегӯянд, ин ҳукумат торафт ҳукумати қавмгаро шуда истодааст. Бисёр унсурҳое, ки аз Толибон ба таври махфӣ ва ошкоро пуштибонӣ мекунанд ва барои мардуми кишвар бегона ҳастанд, бештар дар ин ҳукумат нуфуз пайдо карда истодаанд. Таҳқиру таъқиби ғайрипаштуҳо дар Афғонистон васеъ доман паҳн кардааст.
Озодагон: Шумо дар ин бахш матлабҳои муаллифиатонро ҷо мекунед, ё аз дигар расонаҳо гирифта бо хати сириллик баргардон менамоед?
Насибҷон Амонӣ: Ҳар матолиби арзишманд, ки дар расонаҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон чоп мешаванд, онҳоро аз форсӣ ба сириллик ва аз сириллик ба форсӣ баргардонида, пешкаши хонандаҳо менамоем. Ҳоло барои хонандаи тоҷики Тоҷикистон тақрибан даҳ матлаби ҷолиб рўи даст дорам, ки рўзҳои наздик дар сафҳаи сириллик онҳоро пешкаши хонандаҳо мекунем. Дар ин бахш беҳтарин таронаҳои миллӣ, сӯҳбатҳои видеоии нухбагон ва ҳамчунин аксҳои бузургони миллатро ҷо мекунем. Маврид ба ёдоварист, дар ҳоли ҳозир бахши сириллик ғайр аз мушкили техникӣ, ҳамчунин мувоҷеҳ ба мушкили молӣ  ҳам ҳаст, ки умедворем дар оянда ин мушкилот бо ёрии молӣ ва маънавии тоҷикон ва порсизабонони ҷаҳон   ҳаллуфасл хоҳанд шуд.
Тавзеҳ аз «Озодагон»: «Тоҷикам» бо забонҳои англисӣ, порсӣ ва ўғурӣ, яъне ўйғурӣ барои тоҷикони Чин маводҳои гуногунро пешкаши хонандаҳо менамояд. Ин сомона махсус барои тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон мебошад, ки ташкили хати сириллик дар он як кори довталабона аст. Ҳайати эҷодӣ кўшиш мекунад, баъди устувор шудани бахши сириллик, хати лотиниро дар ин сомона ҷо кунад, то тоҷикони Самарқанду Бухоро низ аз ин тавонананд, истифода баранд. Дар баробари «Тоҷикам» боз «Тоҷик- медиа» ва «Тоҷик- пресс» низ фаъолият мекунанад, ки дар маҷмўъ роҳбари кулли ин се расонаро ду донишманд: Дарвеши Дарёдилӣ ва Алии Назарӣ ба зимма доранд.Дар ташкили фаннии ин бахш (сириллик дар назар аст) Султони Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик нақши вижа дорад.
Мусоҳиб: Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)