Бахшҳо

Ҳалокати чор кӯдак дар Суғд ҳангоми қурут ва тӯтхурӣ

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз ҳалокати се кӯдак-ду духтари 9 ва 11 сола ва як писари 7-сола дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод.

Акбар Шарифов - масъули дафтари матбуотии Раёсати умури дохилӣ дар Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, нимарӯзи 14 июни соли равон, тахминан соатҳои 12:00 се сокини ноболиғи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз 8 то 9 сол доштаанд, болои дарахти тут баромадаанд: “Ин ноболиғон - ду духтарчаи соли таваллудаш 2006 ва як писарбачае, ки соли таваллудаш 2007 мебошад, аз болои дарахти тут ба ҳавзи хоҷагии деҳқонии бригадаи №43-и ҳамин ҷамоат афтода, ғарқ шудаанд”.

Ҷаноби Шарифов илова кард, аз ин пештар, рӯзи 12 июн тақрибан соатҳои 14:00 сокини шаҳри Қайроққум, як кӯдаки яксола аз беназоратии волидон, қурутро истеъмол намуда, дар натиҷа нафасгир шуда, ҳалок гардидааст: “Худи ҳамон рӯз, тахмин соатҳои 19:10, бошандаи 38-солаи шаҳри Қайроққум ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри тоҷик” аз уҳдаи шиноварӣ набаромада, ғарқ шудааст”.
Мӯҳр
хамдарди
Худованд эшонро мавриди магфираташ карор дихад ва падару модари эшонро сабри чамил ато фармояд!!! Омин!

Аброр
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Падару модар бояд фарзандонро эхтиет кунанд. Бисер ин гуна холатхоро пешгири кардан мумкин аст. Худи болои дарахт баромадан хавфнок аст, илова бар ин дар поёнаш хавз будааст. Охир падару модар бояд инро ба хисоб мегирифтанд. Чабр ба чони фарзандон кардаанд.

кабири
Дар Сугд тутхурон таги турсик карда тут мехуранд-ми? Боз ман дар умрам ин хели дарахти тута якум бор мебинам. Ин тут нест, шояд зардолу бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)