Бахшҳо

Ҳабси раиси бахши ҲНИТ дар Норак

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, додгоҳи шаҳри Норак Қурбон Маннонов, раиси бахши ин ҳизб дар Норакро 10 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ҳарчанд ҳукми додгоҳ шоми 10 июн нисбати Маннонов содир шудааст, вале то ҳанӯз аз мақомоти Норак касе далели маҳбс шудани ӯро шарҳ надодаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳабси Қурбон Маннонов ҳайати Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти сарпарастии Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб, барои аз наздик шинос шудан ба ин қазия ба Норак сафар намуданд. Торнамо менависад, ин ҳайат барои ошноӣ ба қазияи мазкур, ба додгоҳ, шӯъбаи корҳои дохилӣ, шӯъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар Норак рафта, аммо посухи дақиқе нагирифтаанд: “Назди раиси дасгоҳи ҳукумат даромада, қазияро барояш баён кардем. Ӯ изҳори беиттилоӣ намуд ва гуфт танҳо ҳаминро медонад, ки утоқи кории бахши ҲНИТ-ро холӣ карданд, тамом”.

ҲНИТ мегӯяд, қаблан Қурбон Манноновро даҳҳо бор бо ҳар васила даъват карда, хостаанд, узвияти худро дар ҲНИТ қатъ намояд, вале қабул накардааст. Манбаъ аз қавли Рузихон Исмоилов, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак навиштааст, Қурбон Маннонов ду рӯз қабл аз ҳабсаш аз сӯи 8 корманди амният бурда шуд ва ҳанӯз касе аз аъзои хонаводаи ӯ иҷозаи дидор бо вайро надоранд.
Мӯҳр
Hassan
Салом ман аз як чиз дар таачуб хастам хукумати мо аз чи метарсад?,ки ин хама фишор болои ХНИТ меорад? чаро андеша намекунад баъд кор пеша кунад.Агар ин хизб мехост,ки мардумро бар зидди хукумат шуриш андозад хело вакт ин корро мекард ман тарафдори хеч хизбе нестам аммо медонам онхоям ободии кишвар ва мардуми Точикистонро мехоханд.Ба чои ин хама корро хукумати мо ба фикри мардум бошад ба фикри ободии онхо бошанд.Ман мисолашро мезанам дар Руссия махсусан дар шахри Масква саг ки хайвон аст хазор баробар арзиштар аз мо мардуми точик медонанд мардуми ин шахр.Дар инчо бозам хукумати мо ва мардум худи мо гунахгоранд.кишвари моро имруз хоричихо доранд кантрол ё идора мекунанд на хукумати мо басай дигар бо хамин равиш пеш рафтан гиред хама чизро аз даст хохем дод.Бо фикри худатон кор кунед на ба фикри дигархо.

ы
Боз ягон сексро дар гарданаш мезананд.

Sabur
Ofarin Hasanboe. rost gufti

Ххдт
Барои бехбуд шудани муносибати мо бо узбекистон бояд аз бахри хнит ва рогун гузарем ин шарти ислом каримов буд мо ба шарти аввал розиги додаем!

Бовар кунед ин бисёр кори хуб шуд. Чун, ки ХНИТ бо созмонхои террористи робитаи зич доранд. Онхо мехоханд Точикистон ноором бошад.Далели ин гапхо он аст, ки ба онхо маблаг аз хисоби давлатхои хорича ворид мешавад. Давлатхои хоричи бошанд нооромии Точикистонро мехоханд.Мисол барои чи дигар хизбхои сиёси дар Точикистон маблаги бисёр барои ташвикот надоранду аммо ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН дорад????? Худ такозо кунед!!!!!!!!!!!

Бехизб
Точиддин, ту магар намедони, ки хама маблаггузорихо дар ТОчикистон аз хорича мешавад. дигар хизбхо хам доранд маблаггузор аз хорича хатто хизби ХОКИМ хам. Фаромуш набояд кард, ки исломбадбини дар точикистон хам супориши хочагони хоричи аст

Ин Курбон Маннонов як муйсафеди солхурда астку. У ба чойи он ки чавонон ва наврасонро таълиму тарбия кунад, дар айёми пириаш ба сиёсат дахолат карда, давлату давлатдории миллиамонро факат танкид мекунад. Чазои у хамин аст.


Билол
Бехизб,
Инкадар баромад карди гам доди худата. ба Хисоби Хукумат аз маблагхои Хоричихо ворид намешавад магар ? пас Хукумат хам ба гуфтаи хоричихову Терористхо амал мекунат магар ? Мантик кучост )

Шоди,
Аллох шумо ва шумобарихор хидоят кунад бисёр суханони хуб аммо аз хотир бароварди ки аксари хукумат дорони чахон синашо аз 60 болохаста аз чумла хукумат дорони Точик вале намедонам ки чаро дар бораи онхо хечиз наменависи
.

Maksadi in zuri nisbati HNİ dar chist az onho chi mehohand Agar man ba mardumi hud bovari doram pas az chi trsam az baze hizbhoi siyosi

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)