Бахшҳо

Вазорат дар бораи тақдири донишомӯзони гимназияи исломӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, донишомӯзоне, ки аз имкони таҳсил дар Гимназияи исломии кишвар маҳрум мешаванд, ба макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ҷалб хоҳанд шуд.

Эҳсон Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 15 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, агар масъулини Гимназияи исломӣ донишомӯзони худро ҷавоб диҳанд, онҳо таҳсилро дар макотиби миёнаи шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ба гуфтаи ҷаноби Хушбахт ҳанӯз масъулини Гимназияи исломӣ тасмими ниҳоиро дар бораи ҷавоб додани ҳамаи донишомӯзони худ нагирифтаанд. Сухангӯи Вазорати маориф ва илм қатъ шудани фаъолияти ягона гимназияи исломии дар Тоҷикистонро рад карда, таъкид кард, фаъолияти ин таълимгоҳи диниии кишвар ба пуррагӣ қатъ нашудааст: “Аз сабабе ки бинои феълии Гимназияи исломӣ мавриди баҳси додгоҳие шудаасту бояд ба соҳибонаш баргардонида шавад, шояд масъулини гимназия хонандагони синфи 10 ва 11-умро, ки ҳудуди 200 нафаранд, дар Донишкадаи исломи ҷой кунанду боқимонда дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шаванд”.

Ҷаноби Хушбахт таъкид кард, ин ихтисори донишомӯзони Гимназияи исломии кишвар муваққатӣ аст ва дар сурати пайдо шудани бинои нав ё бунёди он донишомӯзон дубора таҳсилро дар гимназия идома хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки устодони бекормондаи гимназия низ дар муассисаҳои таълимии дигари кишвар ба кор ҷалб шаванд.

Ягона Гимназияи исломии Тоҷикистон, ки дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд, соли 2009 бо ташаббуси ҳукумати кишвар дар назди Донишкадаи исломӣ таъсис ёфта, дар он 1548 донишомӯз таҳсил мекарданд. Дар ин гимназия дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии макотиби миёнаи Тоҷикистон, инчунин аз фанҳои улуми динӣ, бо барномаи муқаддамотии омӯзиши Қуръон, аҳодиси набавӣ, таърихи Ислом, маорифи исломӣ ва забони арабӣ низ дарс гуфта мешуд.

Моҳи январи соли равон наздик ба 400 донишомӯзи ин гимназия ихтисор шуда, масъулин далели ин иқдоми худро “кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб” арзёбӣ карданд.
Мӯҳр
шахрванд
Агар дар мактабхои ш. Душанбе хонандагони ин гимназияи исломи тахсил кунанд- ИЧОЗАТ МЕДИХАНД, КИ БО ХИЧОБ БА МАКТАБ РАВАНД Ё НЕ ?
Хохиш мекунам масъулин чавоб бигуянд.

Ягон нафари хамин Гимназияро хатм карда, ба чамъияту давлат ва миллат хидмат ва фоидаи худро расонидаги хаст? Баъди хатми Гимназияи исломи онхо чи ихтисосро мегиранду, чи гуна талаботи иктисодии худро конеъ мекунанд? Ё мулло шуда, дар ба дари мардум мегарданд? Ба чойи он мисли Хитой муассисахои касбомузи ва ихтирокориро бисёр кардан даркор.

муҳочир
ба мачид шумо медонед ки гимназия гайр аз се чор фанни дини ки иборат аз куръону ҳадис ва таърих дигар мисли мактабҳои таҳсилоти аз ҳама фанҳо таълим медиҳан ҳатто аз суруд ки дар ислом маън аст таълим медиҳанд танҳо одоби дониш омузони гимназия аз мактабҳои миёна фарк калон дорад ва духтарҳо бо сатр мераванд ки алҳамдулиллоҳ ки мо 98 фоиз мардум мо мусулмон аст худо шуморо ҳидоят кунад

Чадид
Ба Мачид,

Баъди касбу хунар ёд гирифтан, ягон нафари онхо дар Ватан чои кори халол меёбанд??! Ё ташвик кардании, ки "кладка"-ро ёд гирифта, ба мулки рус гуломи раванд?!

Мачид,
Хичи инхо бо аму ворисони Сино, Рудаки, Хофиз, Сомони ва гайрахо мешаванд, хичи инхо бо хаму ном бардорхои ватану миллати точик мешаванд, хичи инхо боз хамун худо тарс бо инсоф ва бо имону бо адолат мешаванд, хичи инхо боз амун нафроне мешаванд ки фардои барои хукуки шумо чон нисор мешаванд.Пах чи хуб мешуд як олим е нависанда е номбардори миллати точикро то хол миеварди ки берун аз тарбияи исломи мебуд. Мову шумо Сино дод мезанем е Рудаки ва аз номи интавр шахсиятхо обруи миллати худро баланд мебардорем охир инхо хама тарбият гирифтаи хамин ислом будан хамин исломе ки мутаасифони имруз базехо е хато мефахманд е хато муарифи мекунанд, пас биеед ба хар касе ислом макул нест е талимоти исломи, гап назанем аз ин миллат е аз ин бузургон, биравед ва бо бузургони гайри исломии худ бифахред на аз номи точику кахрамонони он!!!! Мо миллати точик номбардори ислом будем хастем ва мемонем Ин шо Аллох агарчи бар касе макул хаст е на агар дилхои моро пора кунен боз хам мо мусалмон мемонем!!! Чи хуб мешуд ин суолро бо шакли чам ба тамоми мактабачагон е донишчуени миллати точик е точикистони медоди ман худам шахсан яке аз донишчуен дастота мефишурдам аммо афсус. Ое унхо дар космосан тарбият гирандагони исломи дар замин? ое унхо иктисодро то хадди баланд бурдаанд ки чашми абаркудратхо ба мо афтидаасту ислом тарбиятгирандагон кафо мондаанд ?Ое унхо инкадар кадрое хубе доранд ки хукуки миллат поймол намешавад? ое унхо инкадар таракиет кардаанду аз хамаи илми замонави бохабаранд ва харруз ихтирооти наве доранд? айбаст айб барои марди баномуси точик интавр суол шармам чизе хуби хаст!! боз хам амунхо аз ин бузургони исломие ки боло ном бурдам ки миллатро то имруз ба чахониен муарифи кардаанд тарбият мегиран ва китобхои унхоро мехонанд пас шумо биеед пеши ин шахсон сабак бигиред то фардои худро дурахшон бигардонед ва ихтисосеро барои худ муайян бикунед ва битавонед хадиакал ватани азизамонро аз байни кашоктаринхо берун биеред е ба мардум бо хамун мардумеки фигон мекунед гуе танхо шумо хизмат мекунед шароити зиндагиашонро хубтар кунед ва бечорагони гарибашонро ба ватан бар гардонед бад метавонед ин хел суолхоро бе шарм бидихед худо мададгоратон !!!!

Абдуллоh
Мачид худо хидоят кунад туро муло дарбадар намегардад саратба мусибат ё хурсанди биёд худат мери дарашба авал андеша баъд гуфтор

Ин гуна гимназияхоро умуман дар Точикистон рох додан мумкин нест. кссе Худоро мехохад шиносад аз дин Худо мехохад бохабар бошад барои розигшии Аллох амал кунад бояд худаш китоб хонда хамаро омузад. дар чунин гимназияхо боз террористонро таёр мекунанд. хар як кас аз нуктаи назари худ ба хар як зухурот менигарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)