Бахшҳо
15 июн 2015 18:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВИДЕО: Консерти ройгони Иди мусиқӣ дар Душанбе

Бахшида ба Иди мусиқӣ бо иштироки гуруҳҳои овозхонии Тоҷикистон ва Фаронса дар шаҳри Душанбе консерти ройгон баргузор мешавад. Дар ин бора ташкилкунандагони консерт имрӯз, 15 июн дар нишасти хабарие иттилоъ доданд.

Амалхонум Гаҷиева, масъули маркази фарҳангии “Бактрия” мегӯяд, ин барномаи ҳунарӣ рӯзи 21 июн, дар рӯзи Иди мусиқӣ дар меҳмонхонаи “Серена” доир мешавад: “Чорабинии мазкурро маркази мо дар ҳамҷоягӣ бо Сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор мекунанд”.

Иди мусиқӣ бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Фаронса аз соли 1982 таҷлил мешавад. Ҳадафи он болида сохтани хотири шаҳрвандон бо роҳандозии консертҳо дар фазои кушод бо иштироки ҳунармандонӣ касбӣ гуфта мешавад. Ҳар сол он зери як шиор ҷашн гирифта мешавад. Шиори имсолаи он “Зиндагӣ бо мусиқӣ” хоҳад буд.

Сефора Тан, масъули чорабинии имсолаи таҷлили Иди мусиқӣ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар консерти рӯзи 21 июни шаҳри Душанбе гуруҳи маъруфи фаронсавии “ТИУ” ва гуруҳи навтаъсиси “Амайдед”-и Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: “Мақсади асоси мо каме ҳам бошад роҳат бахшидан ба ҳаводорони мусиқӣ мебошад”.

Ӯ мегӯяд, бо мусиқии тоҷикӣ, махсусан мусиқии помирӣ ошноии хубе дорад ва ҳатто дар чанд дарси махсуси мусиқии ин минтақа иштирок кардааст. Амалхонум Гаҷиева, масъули Маркази фарҳангии “Бактрия” гуфт, маркази онҳо дар табодули фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса мақоми махсус дошта, барои истеъдодҳо имкон медиҳад, дар чорабиниҳои фарҳангиаш баромад намоянд: “Маркази мо барои ҳаводорони мусиқӣ дарсҳои вижаи омӯзишӣ ҳам мегузаронад”.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)