Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Убайдуллоев дар Рамазон захираҳоро ба бозор мебарорад » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 21 август 2019, 00:15

Убайдуллоев дар Рамазон захираҳоро ба бозор мебарорад

16 июн 2015, 09:09

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 15 июн бо таваҷҷуҳ ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ба масъулини бозорҳои пойтахт супориш додааст, маҳсулоти хушсифати худро ба савдо гузоранд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев зимни ҷаласа, таваҷҷуҳи масъулини бозорҳоро дар арарфаи моҳи Рамазон дар асоси нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пурфайз намудани дастурхони сокинон ҷалб намудааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдорӣ хостори пешниҳоди нархҳои алтернативии маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр шудааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ҳамарӯза корхонаҳои воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, “Бозори Шоҳмансур”, “Бозори Саховат”, “Бозори Деҳқон” ва “Бозори Қарияи боло”, инчунин дигар бозорҳои хусусӣ аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифатро ба савдо гузоранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе иброз дошта, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо ва коҳиши нуфузи субъектҳои монополистӣ сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ тадбирҳои фаврию мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.

Қаблан, Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон 18 июн оғоз мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • щ

  • 16 июн 2015 10:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос раис ба бозорхо дахолат накунед. Солхои пеш ки дахолат кардед, ягон натичаи мусби нашуд. танхо моли босифат подприлавка шуду, моли пастсифатро ба савдо мебароварданд. Ин ташабуссатон ба фиакрам танхо худнамоишдихи аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Мири шахр.
аввало. рахмат ба икдоми нек, лек ин кор ягон натичае намедихад, баръакс бисьер савдогарон нархро баланд мекунанд. Дар ин кору рафтор, кай шахри озодаи Душанбе мисли Хучанд мешуда бошад.
Гумон. хол он ки акбаро агар банданд, ана нарх ба осмон мисли самолет мепара.
Посух додан
  • хакикат талх аст

  • 16 июн 2015 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай мебине гапи МИРи шахр дар савдогарои бозор чихел мегузарад!----Озодагон илтимос дар рафти мохи Шарифи Рамазон низ ин мавзугро тахти номи "К,адри Убайдуллоев"- пайгири кунед, то бубинем натичаи супоришхояшро
Посух додан
  • 578

  • 18 июн 2015 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нафароне ки нарххоро баланд мекунанд(беасос)рузаашон дуруст нест мусалмонон бояд бо рафтори худ бояд рузадор будани худро исбот намоянд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!