Бахшҳо

Баъди 17 сол: “Одноклассники” модару писари ҷудошуда дар ҷанги Тоҷикистонро якҷо кард

Модару писари яҳудӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шудаанд, баъди 17 сол дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” якдигарро пайдо намудаанд. Модар тӯли 17 сол бовар доштааст, ки фарзандаш мурдааст ва писар низ чунин фикр доштааст.

Ин зани яҳудитабор Татяна Пролова аст, ки соли 1995 Тоҷикистонро ба қасди Исроил тарк кардааст ва баъди 17 сол ба дидори фарзандаш-Андрей расидааст. Ӯ мегӯяд, ҳангоми тарки Тоҷикистон шавҳараш нагузоштааст, ки Андрей ҳамроҳи модари худ ба Исроил равад. Андрей он замон 18 сол дошта, дар аскарӣ будааст. Пролова дар суҳбат бо “Israel Hayom” гуфтааст: “Баъди як соли муҳоҷират модари шавҳари аввалам ба ман нома навишт, ки писарам фавтидааст. Ман гиря кардам ва хостам, ки акси қабр ва шаҳодатномаи маргашро ба ман бифиристад, аммо ӯ пофишорӣ мекард, ки дигар наметавонад бо ман дар тамос бошад. Барои рафтан ба Тоҷикистон тавони молӣ надоштам. Солҳои аввал барои ман хеле мушкил буд. Ман ҳар сол дар “рӯзи маргаш” шамъ рӯшан мекардам”.

Татяна Пролова мегӯяд, ду соли қабл аз домодаш компютер туҳфа гирифтааст ва ба шабакаи иҷтимоии русӣ-“Одноклассники” дастрасӣ пайдо намудааст: “Ман дар “Одноклассники” сафҳа кушодам ва дӯстҳои зиёде, ки Тоҷикистонро тарк карданд, пайдо кардам. Ҳамсояи шавҳари собиқам гуфт, ки ӯ фавтидааст, аммо писарам зинда аст”.

Ба ин тартиб, Татяна номи писарашро дар “Одноклассники” ҷустуҷӯ мекунад ва аксашро мебинад. “Акси писарамро дидам. Ба ман бисёр монанд буд. Мо ба навиштан шурӯъ кардем ва баъдан аз тариқи телефон ҳам суҳбат кардем”.

Андрей дар суҳбат бо “Israel Hayom” гуфтааст, “модарбузургам гуфтанд, ки модарат фавтидааст. Ман ҳам тавони сафар ба Исроилро надоштам. Ҳамаи ин солҳо дар сӯги модарам пушти сар шуд. Замоне, ки модарам ба ман менавишт, ман бовар доштам, ки ин як шӯхии бад аст ва ман ҳатто нороҳат ҳам шудам. Танҳо пас аз суҳбат бовар кардам, ки модари ман зинда аст ва ман имкон дорам, ӯро ба оғӯш бикашам”.

Пролова гуфтааст, ки тарк кардани Тоҷикистон барои Андрей осон набудааст. “Вақте ки ҳамсояҳо фаҳмидаанд, ки писарам қасди рафтан ба Исроилро дорад, ӯро озор медоданд. Ҳатто пулиси маҳаллӣ ӯро боздошт мекарданду аз ӯ пул мехостанд. Ман дар хонаи умумӣ зиндагӣ мекардам ва аз дастмузди амнияти иҷтимоӣ зиндагӣ мекунам. Ман ҳатто шиноснома ҳам надорам. Ман танҳо мехостам ӯро дар Исроил бубинам. Ҷое ки бояд ҳамаи яҳудиҳо бошанд”.

Татяна Пролова афзуд, ки бо кӯмаки Анҷумани яҳудиҳо тавонистаанд ҳамаи асноди лозимро дуруст кунанду барои Андрей, ҳамсараш-Людмила ва духтарашон-Лидия чиптаи ҳавопаймо ба Исроилро бигиранд: “Дар назар аст, ки ҳафтаи равон Андрей ба Исроил парвоз кунаду бо модараш дидор кунад”.
Мӯҳр
Озодагон, пайгири кунед, кисса чолиб аст. Хуб мефахмам, ки тимсоли ин садхову хазорхо модару писар дар чангхо аз хам чудо шудаанд, вале пайванди дубора, барои шумори андаке аз онхо, албатта, бисёр хушхолкунанда аст.

Барои чи хамсояхо ба у дахолат кардан е ки пулиси махали онхоро азоб медодаст? Ин ба фикрам тухмате беш нест. Шояд шароити ба дидорбини модараш рафтанро надошта чунин бахона пеш овардааст.Дар инчо касе ба у кор надорад ход ба Бразилия рав барои чи ин милатро тухмат мекуни?

Душанбеги
Озодагон, як чахон ташаккур барои маводи нишршуда. Дархости мухтарам Сорбонро дастгири мекунам - пайгирии давоми вокеа кори савоб аст. Чунин холатхо, ки дар хает аз ноумеди бехтар будани умедвориро тасдик мекунанд, хеле каманд.Сорбон,
Сорбон,

Rambo
Сафар,
Дуруст гуфти бародар. Ин яхудихо барои гирифтани мадад барои куч бастан ба ватани бобогияшон бояд ягон бахона дошта бошанд. Хуб шуд аз ватан берун мешаванд. Базуди дар мусофират ба нону номи Точикистон зор мешаванд.

Кулябец
Ин яхуди нони Точикистонро хурда курнамаки кардааст! Модараш
хам ! Яхуди бояд дар Исроил бошад - гуфтааст . Исроили шумо соли 1947 таъсис ёфт, ватандорхо!??
Солхои ЧБВ шуморо хамчун гуреза дар маркази Душанбе точикон чой карданд! Носипоси накунед!

Миллатгаро
Сафар, Кулябец, Rambo
Ҳайрон нашавед бародарон кору амали ва ботини яҳуд ҳамин аст. Ҳеҷ вақт яҳуд дуст намешавад бо ягон миллат алалхусус бо мусулмонон. Охир инро Паёмбар (сав) гуфта буд. Рафт рафтан гирад хас каму Ватанҷонам пок

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)