Бахшҳо

Иванов: Нашъа баҳонаи Амрико барои ҳузур дар Тоҷикистон

Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федералии назорати маводи мухаддир дар Русия мегӯяд, Амрико ва НАТО “мубориза бо гардиши нашъа”-ро ҳамчун баҳона барои ҳузури бештарашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода мебаранд.

Иванов ба суоли “Комерсантъ”, ки Амрико барои мубориза ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон на камтар аз Русия сармоягузорӣ мекунад ва ин ба чӣ рабт дорад, посух додааст: “Амрико истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистонро бисёр ҳунармандона барои бештар кардани ҳузураш дар кишварҳои дигар истифода мекунад. Аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон тавлиди героин 100 баробар афзоиш ёфт. Ин ҳаҷми мухаддирот бо арзиши 100 миллиард доллар дар кишварҳои дур, ки сатҳи зиндагӣ дар онҳо баландтар аст, фурӯхта мешавад. Аз ҷумла дар Русия, Чин, Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳои пешрафта. Мо борҳо аз НАТО даъват кардем, ки барои решакан кардани кишти нашъа дар Афғонистон чораҳои ҷиддӣ андешанд, аммо ба мо мегӯянд, ки наметавонанд деҳқонҳои афғонро аз ягона манбаи даромад маҳрум мекунанд. Барои ҳамин талошҳои асосияшонро ба он равона мекунанд, ки нерӯҳои пулис ва низомияшонро асосан дар кишварҳои транзитӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон мутамарказ кунанд. Хеле боҳунарона ҳузурашонро дар ин кишварҳо густариш медиҳанд”.

Интиқоди Иванов аз кӯмаки Амрико ба мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёри таҳлилгарон, аз ҷумла коршиносони рус Русия бештар ваъда медиҳад, аммо амалан кам иқдом мегирад. Аз ҷумла гуфта мешавад, кӯмаки техникӣ, ки бояд дар сатҳи СПАД ба мақомоти қудратии Тоҷикистон ироа мешуд, то ҳол пурра иҷро нагардидааст.
Мӯҳр
Бахонаи Руссия чи бошад!49 сол дар Точикистон 7000 афсар бо имтиезхои баланд монданаш.(хар ду хам пушти парда ошкору пинхон бозихои сиесии худро пиеда карда истодаед бо хар бахона бо пулу бе пул, бо фанду фиреб!!Худое ин миллатро огоху бедор ва дар хифзи Худат аз шарри бадхохон нигох дор!!!!(омин)

Номад
Аз ин баёнотҳои русҳо хандаи кас меояд.
Агар даъвои бузургманишӣ доред, пас авал фикр кунед, ки қудраташро доред ё не? Каме дертар вазири иқтисоди Руссия баромада мегӯяд, ки Хитой сохтани роҳҳову хатҳои интиқоли барқро барои ҳузури бештар дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон истифода мебарад.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки дар асри 21 қарор доранд ва Осиёи Миёна дигар мустамликаи Москав нест. Ин ҳаққи мустақили ҳар кишвар ҳаст, ки бо кӣ ҳамкорӣ кунаду бо кӣ не.
Иванов нагуфтааст, ки Россия дар даҳ соли ахир ба Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухадир чӣ қадар кумак кардаасту ИМА чӣ қадар? Ба ғайр аз курсҳои кутоҳмудати бадарднахурашон барои афсарони болоии агентӣ, ВКД ва ГКНБ онҳо коре накардаанд. Аз русҳо дида, қазоқҳо ба Тоҷикистон кумакҳои зиёд кардаанд, мисол сагҳои бӯйгире, ки агентӣ истифода мебарад, кумаки қазоқистон аст, ҳоло кинологҳои мо ҳам мактаби худро ташкил кардаанд, ба шарафи генерал Рустам Назаров.
Руссҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухадир бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ кунад. Сабабаш он аст, ки ҳама синдикатҳои наркобарон дар Тоҷикистон то мақомоти болоии Россия алоқа доранд. Амрикоиҳо ин чизро кайҳо пай бурдаанд ва кумакҳои худро ба Тоҷикистон расонида истодаанд, ки муттаҳами русҳо нашавад.

Озодагон, бе таҳрир чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)