Бозиҳои аврупоӣ-2015: Русия, Озарбойҷон, Туркия дар сегонаи аввал (АКС)
Бо гузашти се рӯз аз Бозиҳои аврупоӣ-2015, ки дар Озарбойҷон идома дорад, варзишгарони Русия пешсафанд.
Русия 10 медали тилоии мусобиқотро моли худ кардааст. Варзишгарони ин кишвар инчунин 2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ доранд. Мизбони бозиҳо – Озарбойҷон бо 7 медали тило, ду нуқра ва 7 биринҷӣ дар мақоми дуюм ва Туркия бо 4 медали тило, ду нуқра ва шаш биринҷӣ дар зинаи сеюманд.
Муҳайё Нозимова, хабарнигори тоҷик, ки дар Озарбойҷон ҷараёни бозиҳоро назорат дорад ба “Озодагон” гуфт, варзишгарони Олмон дар маҷмӯъ 11 медал гирифтаву мақоми чорумро муаррифӣ мекунанд: “Шветсария 6, Маҷористон 5, Фаронса 8, Испания 4 ва Украина 7 медал доранд”
Рамзи аввалин Бозиҳои аврупоӣ, ки то 28 июни соли равон идома хоҳад кард, анор аст.
АКСҲО АЗ РАСМИ ИФТИТОҲИ АВВАЛИН БОЗИҲОИ АВРУПОӢ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |