Президент аъзои нави раёсати Бонки Миллиро таъин кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми июн бо содир намудани як қатор фармонҳо аъзои нави раёсати Бонки Миллии кишварро таъин кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масоили иқтисодӣ, Солиев Ашурбой, ректори Донишкадаи молияю иқтисод ва Раҳматов Ҳайдар Бобоевич, доктори илмҳои иқтисодиро аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудааст.
Инчунин бо фармони раисиҷумҳур Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Икромов Сироҷидин Саломович ва Салимова Лола Ҷумаевна - муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
Таъини аъзои нави раёсати Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки аввали моҳи майи соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ноустувориҳо дар бозори асъори кишвар тамоми роҳбарони Бонки Миллиро иваз карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |