Бахшҳо

Тоҷикистон -- Бангладеш. Бозӣ мусовӣ шуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бозиро бо Бангладеш мусовӣ -- 1:1 кард.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 16 июн дар шаҳри Дакаи Бангладеш баргузор шуда, ҳисобро капитани дастаи Бангладеш -- Мамунул Ислам дар дақиқаи 50 боз кард. Голи ҷавобии Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бо сабаби риоя накардани қоидаи бозӣ аз ҷониби Сиёвуш Асроров довар ӯро аз майдон берун кард ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар бозӣ кард.

Ҳайати мунтахаби кишвар дар рақобат бо яккачини Бангладеш аз ин қабил буд: Алишер Туйчиев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Далердҷон Тухтасунов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарипов, Дилшод Восиев (капитан), Манучеҳр Ҷалилов ва Сармураббии даста Муҳсин Муҳаммадиев.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми 11-уми июн дар рақобати нахустинаш дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз яккачини Урдун бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

ҶАДВАЛИ БОЗИҲО

Даври 2.
16 июн (сешанбе)
15:00 – Бангладеш – ТОҶИКИСТОН 1:1
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

18:00 – Қирғизистон – Австралия
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 3
3 сентябр (панҷшанбе)
19:00 – Австралия – Бангладеш
Перт, варзишгоҳи НИБ

20:00 – Урдун – Қирғизистон
Ирбид, варзишгоҳи "Ал-Ҳасан"

Даври 4
8 сентябр (сешанбе)
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Австралия
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Бангладеш – Урдун
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

Даври 5
8 октябр (панҷшанбе)
18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

19:00 – Урдун – Австралия
Уммон, варзишгоҳи байналмилалӣ

Даври 6
13 октябр (сешанбе)
19:00 – Урдун – ТОҶИКИСТОН
Уммон, варзишгоҳи байналмилалӣ

18:00 – Қирғизистон – Бангладеш
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 7
12 ноябр (панҷшанбе)
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Австралия – Қирғизистон

Даври 8
17 ноябр (сешанбе)
17:30 – Бангладеш – Австралия
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

17:30 – Қирғизистон – Урдун
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 9
24 март (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН

17:00 – Урдун – Бангладеш
Уммон, Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдуллоҳ

Даври 10
29 март (сешанбе)
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Австралия – Урдун

Мӯҳр
MESHAVA KHAY, FAKAT BO DASTGIRII YAKDIGAR

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)