Бахшҳо
16 июн 2015 15:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар Хуҷанд ду тонна биринҷро дар 80 дег ош мекунанд

Баъди бештар аз як соат дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” нахустин ҷашнвораи “Оши палов” оғоз мешавад.

Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба “Озодагон” хабар доданд, ки ин ҷашнвора бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур ду тонна биринҷ дар 80 дег барои тахмин 10 ҳазор нафар палов карда мешавад. Ин ҷашнвора озмунҳо низ дорад: “Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” – 5 000 сомонӣ, “Оши чойхонаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ, “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ мукофотпулиҳо муқаррар гардидааст".

Дар баробари фестивали “Оши палов” маркази вилояти Суғд мизбони ҷашнвораи “Гулҳо” низ хоҳад буд: “Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Гулҳо” аз рӯи бахшҳои “Ороиши беҳтарин” - 5 ҳазор сомонӣ, “Гулдастаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ороиши беҳтарин дар мевагӣ” – 2000 сомонӣ, “Гулпарвари беҳтарин” – 2 000 сомонӣ дода мешавад”.
Мӯҳр
хакикат талх аст
Бехтарин икдомд аст! характ кунед ки дар сатхи байналмилали пеш аз узбакистн Оша азони Точикистон муаррифи кунед.......
МО тарафдори ШМО!!!
----------------баъд камтар ба мо мардуми дар мусофират карор дршта хам монед а?

Гушна
Офарин хуҷандиҳо! Убайдуллоев ёд гиред! То "Мо метавонем" гуфтана бо кору амал тавонистанатонро исбот кунед!

Офарин Сугдиён!Кори хуб.Нахустин фестивали "Оши палов" дар шахри Кулоб, бахшида ба 2700 солагии ин диёри бостони гузашта буд. Дар он аз 9 нохия ва шахру минтакаи Кулоб дар зиеда аз 100 дег оши палови архела ба халк пешниход шуда буд. Агар хато накунам ошпази нохияи Совет ба ном Алихон чои аввалро сазовор шуда буд.Шарт хамин буд, ки тамоми махсулот - биринч, равган, пиёз, сабзи, нахут, гушт, зира, зелол, сирпиёз, салат- помидор, бодринг, кабути, нон ва гайра ва хезуму, дегу лагану кошук, чойник , пиола, чои хушк,курпача,таксари,кат,гилем, мусики ва тамоми дигар чизхои зарури хатман истехсоли ватани, яне аз Тоикистон бошад. ПАЛ (аз точики бо руси грядка, огород, делянка) ОВ( аз лачавии кулоби бо руси вода) мешвад ПАЛОВ( поли об)-делянка-вода, яъне водная делянка, ё рисовая делянка. Палоб калимаи форси-точики аст!

Ахсан ба халки мехнаткаши Хучанд! дар хакикат пешрафтагиен, дар хама соха. Офарин!

Кулябец
Агар тамоми Евросиё ва Африкаро палови бе пул дихем хам дар Россия,, узбекский плов " мегуянд. Ба ки даркор ин харочот!! Бехтараш ягон корхона созед, ки чор нафар чои кор ёбанд!!

Оши хуби точикиро метонед рафта дар Исфара хуред бехтарин ош

Кулябец,
бародар, махалчигиву милатчиги накун, просто шакарову курутов гу, дар як деги калон!

Кулябец
худжанд,
Шакаробу курутоб таоми миллии точикони чануби Точикистон ва шимоли Афгонистон мебошад . Барои исбот кардан 2 тонна курут ё 2 тонна равгани зард ё приз лозим нест!

Оши палови хакики танхо шахри Панчакентба бояд шавад.

сино
Дигар кишварҳо барои пешрафти иқтисодиёт барои ҷалби ихтироъкорон мукофоту чорабини намоянд аз мо бошад барои шикам.Дигар аз куҷо тоҷик техника мебарорад.

Иброхим
ягон бехтарин икдом нест, ин як худнамои кардан аст ин кадар маблагро ба чавонони лаёкадманде, ки мухточи кумаканд дихед, ба зарардидагону камбизоатон ва барои олимоне ки кори илми ва ихтироот доранд дихед икдом мешавад баъд.
аз оши палав гузарониданба хармоха бехтарин сохибкор, бехтарин ихтирокор, бехтарин корманди мох, бехтарин оила. хазору як бехтарин кори дигар ки ба нафъи чомеа бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)