Бахшҳо
16 июн 2015 16:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хирагии чашмро оҷилан рафъ мекунем

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзоъи номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳама омилҳо ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале оё метавон ин авоқиби номусоидро бартараф кард? Дар бораи бемориҳои чашм, нигоҳубин ва табобати он сӯҳбате доштем бо офтомологи Бемористони Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

- Чӣ сабаб мешавад, ки чашмҳо хира мебинанд, инро метавон беморӣ ном бурд?

- Сабабҳо хеле зиёданд: риоя накардани гигиенаи босира, таъсири воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) ба чашм, инчунин бемориҳо, инфексияҳо ва осебҳо. Ҳатто норасоии ғизо низ метавонад омили бемориҳои чашм бошад. Шарти авали табобат ташхиси беморист. Ин аст, ки беморон, зери дастгоҳҳои навтарини тиббии сохти ширкатҳои аврупоӣ пурра ташхис мешаванд ва пас аз дақиқ гардидани сабаби пайдоиши коҳиши биноӣ ва ангезаҳои дарди чашм, ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Дар давоми камтар аз ду соли фаъолияти бахши мо 1105 нафар ниёзмандон қабул карда шуда, мушовира гирифтанд ва аз ҷумла, 58 бемор ҷарроҳӣ шуда, муолиҷа ёфтанд.

- Тибқи омор, шумори зиёди ҷарроҳишудагон олусчашмӣ доштаанд. Сабаби ин беморӣ чист?

- Узвҳои ба ҳаракатдароварандаи биниши чашм механизми мураккаберо ташкил медиҳад, ки чашми инсон ба воситаи ҳаракат ва ҳам ҳиссиёти худ, олами берунаро дарк менамояд. Дар ҳолати вайроншавии функсияҳои чашм чунин ҳолатҳо руй медиҳанд, ки он ба нодуруст ҷойгиршавии курраи чашм (олусчашмӣ), маҳдудшавӣ ва ё ҳаракат накардани узвҳои босира (аз ҳаракат мондани мушакҳои чашм) оварда мерасонад.
Дар Бемористони Ибни Сино 20 нафар гирифторони ин беморӣ ҷарроҳӣ шуданд, ки 16 нафарашонро кӯдакон ва ноболиғон ташкил медиҳанд.
Ҷарроҳии чашм дар бемористон таҳти роҳбарии чашмпизишки пуртаҷрибаи Эрон – доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ анҷом мешавад

- Бешак табобати бомувафақият ба таҷҳизоти навтарин низ марбут аст. Дар бемористон аз кадом дастгоҳҳо истифода мешавад?

- Дар Бемористони Ибни Сино бо истифода аз дастгоххои мухталиф усулхои мухталифи ташхиси беморихои чашм амали мешавад, ки чанде аз онхоро номбар мекунем:
- Визометрия- барои муайян намудани тезбинии чашм.
- Авторефкератометрия - таҳқики компютерии карнияи чашм, ки дар чанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд.
- Ретиноскопия-азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм.
- Биомикроскопия - муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булӯрак ва ҷирми шишамонанд).
- Тонометрия - чен кардани фишори чашм.
Агар ба бемор гирифтани айнак зарур шуморида шавад, дастгоҳилинзметрия метавонад барои муайян намудани дараҷаи айнак кӯмак расонад. Дар Бемористон барои безарар кардани таҷҳизот аз маҳлули deconnex кор мегирад, ки 100% аз сирояти маризиҳои асри 21, аз қабили бемориҳои гузарандаи Гепатиту ВИЧ кафолат медиҳад!

Дар тамоми бахшҳои бемористон васоили якмасраф истифода мешавад. Роҳбарияти бемористон дар якҷоягӣ бо ширкати «Суғурати миллӣ» барномаеро роҳандозӣ кардаст, ки харҷи табобати беморонро бамаротиб камтар мекунад. Ба таври мисол, бо суғурта шудан ба маблағи ҳамагӣ 150 сомонӣ, шумо метавонед худ ва наздикони худро дар давоми як сол аз хидмати босифати тиббӣ баҳравар созед.

Дар мавриди табобат бошад, бо итминони комил гуфта метавонам, ки тамоми бемориҳои вобаста ба чашмро мо метавонем табобат кунем!
Мӯҳр
Ман хамчун як шахрванди хамин чумхури нисбати ин дармонгох нафратам омад, баъд аз оне ки муддати панч соат барои ташхис назди доктор Сомеъи даромадан интизори кашида окибат бо ноумедихо докторро надида баромада рафтам. Бояд зикр кунам, ки хамаи ин таблиготхо нисбати ин дармонгох дуруги махз аст ва ман ба он бовари комил ноил гаштам, ки он чое табибони точики мо худро хамрох мекунанд, он чохам вайрон мешавад. Ман аз хизматрасонии ин дармонгох тамоман дилсард шудам ва дигар ба инчо мурочиат намекунам.

хонанда
Ба болои ҳамаи ин нархҳои осмонӣ дорад, мардуми камбизоат наметавонанд дар ин беморхона табобат гиранд. Ин беморхона танҳо барои нафарони бою давлатманд бино шудааст. Шахсони камбизоат бошанд аз ин маҳруманд. Таблиғҳо низ оиди ин беморхона дуруғ аст...ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,
ростгуи,

КАСАЛИИ ЧАШМРО БО ГИЙОХХО ТАБОБАТ КАРДАН МУМКИН АСТ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)