Бахшҳо

Тоҷикстандарт”: Соҳибкори эронӣ мехост маҳсулоти муҳлатгузаштаро дар Рамазон савдо кунад

Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд аз боздошти миқдори зиёди ҳалвову хурмо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон хабар медиҳад.

Маҳкамбой Каримов - масъули дафтари матбуоти “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, мутахассисони марказ дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулотро анҷом доданд. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи санҷиш нишон дода, ки дар амборхонаи ҶДММ “Абад-тиҷорат”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд наздики 8 000 кг маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта барои фурӯш нигоҳ дошта мешавад. Маблағи умумии ин маҳсулот беш аз 52 000 сомониро ташкил медиҳад: “Аз ҷумлаи маҳсулоти муҳлатгузашта зиёда аз 1 000 адад рулети “Фафа”, қариб 4 000 қуттӣ ҳалвои “Симурғ”, 4 ҳазору 500 кг ҳалвои “Солеҳ”, 3 000 кг хурмо ва боз чанд намуди дигари шириниҳо, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронанд, буданд”.

Оқои Каримов афзуд, мутахассисони маркази онҳо бо иштироки намояндагони ширкат аз маҳсулоти мазкур мутобиқи талаботи қонун сарчин намуда, ба озмоишгоҳи ваколатдори маҳсулоти хӯрока ва хоҷагии қишлоқи “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд барои ташхис супоридаанд. Мувофиқи маълумоти сардори озмоишгоҳи Марказ -- Равшан Бақоев, натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксар маҳсулоти барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯйи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандартӣ номутобиқанд: “Масалан, хурмои истеҳсоли Эрон аз рӯйи нишондодҳои гузаштани муҳлати истеъмол ва маззаву бӯйи туршӣ ва ҳалво бошад, аз рӯйи номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷуд будани бӯйи равғани талх ва ҷудошавии моеи равғанмонанд дар ҳалво ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуданд”.

Ҷаноби Каримов дар идома афзуд, махсулоти номбурдаи пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаро соҳибкор, яъне раҳбари ҶДММ “Абад-тиҷорат” -- Маҳмадалӣ Фарзорфар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони ӯ мехостаанд, рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз нав банду баст намуда, ба фурӯш бароранд: “Дар вақти санҷиш муайян карда шуд, ки тарзи нигаҳдории маҳсулот ва шароити санитарӣ-гегиении он ба талабот мутобиқ набуда, маҳсулоти хурмои муҳлати истифодаашон гузаштаи ба ҳам часпидаро соҳибкор бо иштироки якчанд нафар коргарон ба зарфҳои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, барои фурӯш омода мекард, ки аз ин маҳсулот мазза ва бӯйи туршӣ баръало эҳсос мегардад”.

Ҳамчунин, ин манбаъ афзуд, соҳибкори эронӣ ҳалвои муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба қуттиҳои дигар гирифта, аз нав тамғагузорӣ намуда, бидуни нишондоди санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол ба фурӯш баровардааст.

Масъули дафтари матбуотии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд мегӯяд, ин соҳибкор ва шариконаш бо назардошти ин ки дар моҳи Рамазон талабот ба хурмо ва ҳалво зиёд мегардад, “барои ба ба даст овардани даромади бештар талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва регламенти техникии Тоҷикистон “Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ”-ро вайрон намуда, маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва ба саломатӣ хатарнокро ба фурӯш баровардааст, ки ин ба ягон меъёри инсонӣ на аз рӯйи талаботи қонун ва на аз рӯйи фармудаҳои дини мубини Ислом мувофиқат намекунад”.
Мӯҳр
Ватандуст
Ташаккури зиёд ба коркунони точикстандарт агар ин холатро пешгири намекардан боз чанд нафари дигар аз ин хисоб саломатиашро аз даст доа ба беморхона мерафт.

Салом!! Аввалан изхори сипос менамоям барои кормандони радиои "ОЗОДАГОН" барои пахши ахборотхои нав ба нав. Дуввум хаминро гуфтани хастам, ки ин сохибкори Эрониро бе ягон пурсиш барои вайрон кардани конун ба чавобгари кашидан лозим аст. Ин сохибкор Эрони наход ин шахрвандони ватану миллати маро хукукук манфиатхои истеъмолиашонро поймол созад.

Канд занед Хучандихо !!! Ин агар дар пойтахти мо шахри Душанбе мешуд кайхо мардум мехарид. Зеро ин хел тафтишхо дар Душанбе хамавакт ба фоидаи фурушанда анчом меёбад.

Аз номи истикоматкунандагони н. Шохмансур ба хамаи шахсони сахмгузор дар ин ошкоркуни нисбат ба саломатии ахолии точикистон изхори сипос мекунам.

сохибватан
ОФАРИН!! Кормандони давлатии манфиати халку давлатро мегуфтагихам будааст.АХСАН!!!

Ахсан!!! Офарин!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)