Бахшҳо
17 июн 2015 15:40Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Рамазон -- моҳи имтиҳони савдогарони Тоҷикистон

Атохон ҒАНИЕВ

Рамазон моҳи хайру эҳсон аст ва дар аксари кишварҳои олам, мардуми дорою сарватванд барои додани садақаву хайрот дар ин моҳ мусобиқа мекунанд.

Дар кишварҳое ки аксари аҳолиро мусалмон ташкил медиҳад, мардуми бечораву нодор дар ин моҳ аз имтиёзҳои хос бархӯрдор мегарданд. Ҳар шахси доро, вобаста ба имконияти худ барои мардум дастурхони хайрия мекушояд, фақиронро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд. Фурӯшгоҳҳои хурду бузург то 50-70 фисад маҳсулоти ниёзи мардумро барои мардум арзон мекунанд. Як сомонаи сайёҳӣ навиштааст, соҳибони баъзе мағозаҳо дар моҳи Рамазон ба маҳсулоти худ, он қадар фоида мегузоранд, ки барои пардохти ҳаққи иҷораи мағоза ва музди хидмати кормандон кифоя кунад.

Сайёҳон бо таааҷуб мушоҳида кардаанд, ки на танҳо нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, балки либосворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум низ дар Рамазон чанд маротиба арзон мешаванд. Шахсоне ки бори нахуст ба кишварҳои мусалмоннишин омадаанд, аз соҳибони мағозаҳо пурсидаанд, сабаби бо қимати ночиз фурӯхтани маҳсулот дар моҳи Рамазон дар чист?
Тоҷирон бо табассум гуфтаанд:
-Танҳо ризои Аллоҳ, боқӣ ҳеч...

Аммо мутааасифона бо фаро расидани моҳи мубораки Рамозон, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аксари сокинонашон мусалмонанд, мавсими қиматфурӯшӣ оғоз меёбад. Новобаста аз он ки савдогарон кадом навъи маҳсулотро мефурӯшанд, дар даҳони аксар ин чунин ҷумлаҳо ҷорист: “Қасам ба Худо”, “Ба номи Аллоҳ”, “Ин бора қимат гирифтем ”, “Ма шумода нархи худуш дода истам”, “Ягон сӯм фоида нест”...

Дар бораи қасами бемавриду дурӯғи савдогарон ин ҷо муфассал намегӯем ва онро ҳавола ба виҷдони худашон мекунем. Аммо, тааҷубовар ин аст, ки нархи ҳамаи маҳсулот ва хусусан маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳз дар моҳи Рамазон, рӯзҳои иди Фитру Азҳо чанд маротиба боло меравад. Агар дар кишварҳои дигар қимати маҳсулотро то 50-70 фисад арзон кунанд, дар Тоҷикистон баръакс, то 100-200 фисад боло мебардоранд.
Дар ҳоле мардуми камбағалу ниёзманд дар ҷомеа хеле зиёд буда, аксар онҳо зимни харидории маҳсулоти гароннарх изҳори норизоӣ мекунанд ва табъи нохуш аз бозор мераванд.

Шояд, савдогарони Тоҷикистон, боре сари ин ҳикмат андеша накардаанд,ки чаро, новобаста аз он ки қариб аксари вақти хешро дар бозору мағозаҳо сарф мекунанд, то манфиат ба даст оранд, даромадашон баракат надорад? Вақти сӯҳбат аз даҳони тоҷирони зиёд мешунавӣ, ки ё аз нафаре қарздор аст ё аз бонк қарзи бо фоиз гирифтааст. Ва боз мушкилиҳои зиёди дигари моддиву маънавӣ...

Аслан ҳадафи тиҷорат фоидаи молӣ аст ва агар тоҷир аз Худо тарсад, ҳалолкору ростгӯ бошад, аз ҳаққи мардум парҳезад, паймонаро дуруст созад, закоти молашро сари вақт пардохт намояд ва соҳиби инсоф бошаду аз ҳаром парҳез намояд, набояд дар ҳолати душвори молиявӣ ва қарз қарор гирад.

Шояд, тоҷирони муҳтарами мо дар ин моҳи Рамазон худро боре имтиҳон намоянд ва бубинанд, ки адлу инсоф ва хайру эҳсон чӣ ҳикмате дорад...
Шояд он гоҳ мушкили эшонро низ Худо осон гардонад!
Мӯҳр
Офарин Атохон Ганиев ташакур ба шумо ки каме ру ба савдогарону точирони Имруза овардед

хакикат талх аст
Бехтарин матолиб! --- Озаодагон рахмат барои пайгрии ин мавзуъ. Ин гуна мавзуъхоро зиёдтар кунед шояд таъсире ба калби точирон расонад ва нархи молу махсулоти ниёзи аввалро дар мохи Шарифи Рамазон на инки арзон кунанд -- боло набардоранд хам ганимат аст.

Shakhriyor
Офарин Озодагон бехтарин нависондед!!!

.
Ин хама таъсири мазхаби ханафи аст, ки мардумро дуруя кардааст.

саида
Халки точик рамазон гуфта нархро боз хам баландтар мекунанд Руза барои инхел одамон хайф аст

Офарин бисьёр чолиб. Лекин Хукумату Хукуматдорон чаро бегаразанд. Соли гузашта нархи гуштро боло рафтан намонданд-савдогарон байкот карда гуштхои пасмондаро бо нархи 33 сомони пешниходи талабгорон намуданд ва бо нархи 40 сомони гушти хубро русти русти фурухтанд. Аммо ягон рохбар ягон хукуматдор пеши рохи онхоро нагирифт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)