Бахшҳо

Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон. Даъват аз Шӯрои уламо то тоҷиру зиёиён

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри паёме сокинони кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфтааст. Раисҷумҳури кишвар дар ин паёми худ гуфта, “Моҳи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират, файзу баракат мебошад, инсонро ба сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, эҳсону мурувват, қаноату умедворӣ даъват намуда, дари раҳмати Худовандро барояш кушода мегардонад, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва замирашро пок месозад”.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри сифату фазилати моҳи Рамазон афзудааст, дар ин моҳи муборак дар баробари тоату ибодат анҷоми корҳои хайру аёдати беморон ниёзмандон низ савоби бузург дошта, бояд ҳар як фарди рӯзадор кинаву адоватро аз худ дур кунад: “Мардуми мо барои амалӣ намудани ин суннати моҳи муборак ҳамеша кӯшиш намуда, барои оромии рӯҳу равони хеш хайру саховатро зиёдтар мекунанд, таҳаммулро пеша карда, аз гуноҳҳои ҳамдигар мегузаранд ва сулҳу салоҳро авло дониста, ба ниёзмандону камбизоатҳо, ятимону маъюбон, барҷомондагон ва бечорагону фақирон дасти хайру эҳсон дароз менамоянд”.

Дар паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон даъват шудааст, бо судури фатвое бар асоси фиқҳи Ҳанафия барои калонсолону беморон ва кишоварзони кишвар дар ин моҳ сабукиҳо дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, имсол моҳи Рамазон дар миёни фасли тобистон фаро расида, барои иддае аз калонсолон, барҷомондагон, беморон ва шахсоне, ки корҳои вазнинро иҷро менамоянд, шояд душвориҳо оварад: “Бо дарназардошти ин, Шӯрои уламо метавонад, ки дар асоси талаботи фиқҳи ҳанафӣ ва сабукиҳои фармудаи Худованд дар ояти зикршуда фатво диҳад, то ба мардуми бемору мусофир, кишоварзону коргарон ва дигар шахсоне, ки дар гармиҳои вазнини тобистон корҳои сангинро ба анҷом мерасонанд, сабукӣ пайдо шавад. Зеро имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил аст. Агар ҳосили бо заҳмат парваришшуда, ки ризқу рӯзии мардуми кишоварз мебошад, дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, ин амал боиси ба сахтӣ дучор омадани рӯзгори мардум мегардад”.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёмаш фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротиро дар ҷаҳон вусъатёбанда хонда, аз шахсони калонсолу рӯзгордида, падару модарон, аҳли зиё ва ходимони дини кишвар даъват кардааст, дар суҳбатҳои рамазонии худ фарзандону наберагон, ҳамсояву хешу таборро ба роҳи дурусти зиндагӣ, аз ҷумла ватандӯстиву худшиносӣ ва эҳтироми калонсолон даъват намуда, қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, фарқи байни неку бад, хайру шарр ва ҳаққу ноҳақро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд: “Бо истифода аз фурсат, аз ҳар як фарди мусулмони кишвар даъват менамоям, ки ҷавонон ва фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, хешро қурбони манфиату дасисаи қудратхоҳону бегонагон созанд”.

Дар охир аз тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик низ даъват шудааст, то дар ин моҳи шарифи Рамазон молу колои худро барои бародарони муъмин ва ҳамватанони хун арзон фурӯшанду барои худ савоб ҷӯянд: “Ҳар як муъмини солеҳ хуб медонад, ки дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолат менамояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд фардо рӯзи қиёмат ҳатман ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.
Мӯҳр
Рузадор
Чаноби оли бисер кашанг суханрони кардаед бар бабарак фарз будани хичобро бо овардани ояи Курьон чун фарз будани рузадории мохи шарифи Рамазон тазаккур медодед, боз пайематон зеботар мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)