Бахшҳо

Генерал Раҳмоналӣ: Дар назди сарҳади Тоҷикистон 1500 ҷангӣ ҷамъ шудаанд

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми июн аз таҷаммӯи беш 1500 ҷангӣ дар наздикии сарҳади кишвари мо иттилоъ дод.

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар доираи ҷаласаи 73 -юми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои узви ИДМ, ки феълан дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт, ки ин ҷангиён дар навоҳии наздисарҳадии Афғонистону Тоҷикистон бо нерӯҳои ҳукуматии афғон меҷанганд: “Тибқи иттилои фаврӣ ҷангиён асосан ба Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ал қоида ва Ансоруллоҳ тааллуқ дошта, дар навоҳии Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қундуз ҷамъ омадаанд”.

Генерали тоҷик шиддат ёфтани авзоъ дар навоҳии шимолии Афғонистон, аз ҷумла Таҳор, Қундуз ва Бадахшонро, ки аз моҳи апрел инҷониб дар он ҷо амалиётҳои ҷангӣ сурат мегиранд, мояи нигаронӣ хонд.

Дар доираи ҷаласаи 73 -юми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои узви ИДМ 19-ум июн дар назар аст, ки раҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳои ИДМ аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздид кунанд. Дар ҷаласа раҳбарони мақомоти марзбонии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон иштирок доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)