Боздошти Шабнами 29-сола, узви “Гуруҳи 24” дар Белорусия

Шабнам Худойдодова, узви 29-солаи созмони “Гуруҳи 24” зимни убури марзи Русия ва Белорусия боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Брест қарор дорад.
Дар ин бора Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар блогаш хабар дода, афзудааст, ки Худойдодова, 20-уми декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби як духтарча мебошад. Ба навиштаи Отаева, Шабнам дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст ва ҷониби Тоҷикистон ӯро аз рӯи моддаи 37-и Кодекси ҷиноӣ, --“ҷавобгарии шарикони ҷиноят” дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст: “Худойдодова 12-уми июн озими Белорусия шудааст, то аз намояндагии СММ оид ба гурезаҳо мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.
Тибқи иттилои раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, Худойдодова баъди он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуд: “Шабнам Худойдодова солҳои охир дар Русия иқомат мекард. Моҳи январи соли равон хонаи ӯ дар Тоҷикистон мавриди кофтукоб ва модару дигар наздиконаш бозпурсӣ шудаанд. Ӯ хабар ёфта, ки нақшаи рабудани ӯ аз Русия тарҳрезӣ шудааст ва ба Белорусия рафт, то аз намояндагии СММ мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазия хостори ҷилавгирӣ аз истирдоди Худойдодова ба Тоҷикистон шудааст, зеро ба навиштаи ин созмон дар Ватан ба ӯ барои изҳори ошкорои андеша шиканҷа ва ҳабс то 20 сол таҳдид мекунад: “Аз намояндагии СММ дар Белорусия даъват мекунем, ки ҳар чӣ зудтар аз ҳоли Худойдодова хабар гиранд. Ҳукумати Белорусия низ уҳдадориҳои байналмилияшро дар мавриди манъи истирдод ба кишваре, ки ба боздоштшуда шиканҷа таҳдид мекунад, иҷро намояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |