Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми июн як қатор тағйироти кадриро дар соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода амалӣ кард.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, нахуст шаш нафар кадрҳои ҷавону болаёқат ва дар айни замон соҳибтаҷрибаи соҳаи амнияти миллӣ ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар ин соҳа таъин гардиданд.

Манбаъ афзуд дар доираи тағйирот Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич аз вазифаи ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ озод ва ба вазифаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Инчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Азизмамад Душанбиевич муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангимурод Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холов Карим Иброҳимович, директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, Саидзода Нуралӣ Ғиёс муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Низом Юсуфӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизов Рустам Анварович муовини директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ”, Матробов Саодатшо Қосимович муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин роҳбарони бархе аз муассисаҳои таълимии кишвар низ иваз шуданд. Аз ҷумла Сангов Муродалӣ Маҳмадиевич ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардида, Сайдамир Ҷононов бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод карда шуд.

Гадоиён Шокирҷон Гадо директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор” таъин гардид.
Акрамзода Парвиз Акрам муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода, Холова Солеҳа Холмаҳмадовна ва Собиров Ғафурҷон Мирзоалиевич муовинони раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова кард, кадрҳои навтаъин, аксарият ҷавону корозмуда буда, дар вазифаҳои гуногун содиқона хизмат кардаанд.

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)

Тағйироти кадрӣ: Аз Кумитаи амният то Хадамоти зиддиинҳисорӣ (АКС)


Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
Мухаммад
Наход чойнишинони раиси шахру нохияхоро низ Президент таъйин кунад????

Хусейн
акаи Давлатали Саид худ аз Сармоягузори, кадрхояш хам аз хамон сармоягузори пешбари мешаванд. Рачабзода Абдусамад бародари Хасан Рачабов низ баромадаш аз сармоягузори буд, инак боз Сардори Хадамоти зиддиинхисори собик корманди сармоягузори Кодирзода Саъди таъин шудааст. ГУЁ дар аз худи ХАДАМОТ кадр набошад....

Ба
А бача хозир Раиси махалларам худшон таъинмекунанн, чонишини Раиси нохия утараф истад

Муродали Душанбе
Акаи К,урбонали Шуморо табрик мекунам.Дар фаъолияти мех,натиатон бурдборих,о хох,онам.Х,амеша созовори бовари бошед.

Акаи Рустам вазифахои нав муборак шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)