Бахшҳо
19 июн 2015 11:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти раиси анбори пойгоҳи Русия дар фурудгоҳи Душанбе

Сергей Степанов, раҳбари анбори пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон, бо иттиҳоми дуздии сӯзишворӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуда, феълан дар СИЗО-и рақами 1-и пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Алексей Мезенсев, вакили мудофеи Сергей Степанов аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки зерҳимояаш моҳи апрел, ҳангоми сафари хидматияш ба Тоҷикистон, дар фурудгоҳ боздошт шуда, бо қарори додгоҳи низомии Русия дар боздоштгоҳи мувақатии Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Степанов дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми фаъолияташ дар Кант ба дуздии сӯзишворӣ даст задааст.

Аммо вакили дифои ӯ дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфтааст, ки зерҳимояаш “ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари дигар”дода шуд: “Ба ин хотир моддаи 7-уми қонуни федералӣ “Дар бораи боздошти гумонбарон ва мутаҳмон” нақз шудааст. Ба ибораи дигар СИЗО-и рақами 1-и шаҳри Душанбе барои нигаҳдории шаҳрвандони Русия мувофиқ нест ва мувофиқи кодекси ҷиноятии Русия сарбозони гумонбар ва мутаҳҳам бояд дар “гауптвахт” нигаҳдорӣ шаванд”.

Ин вакили мудофеъ, инчунин зикр кардааст, ки мувофиқи қарордод миёни Тоҷикитон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳайати шахсии ин пойгоҳ дахлнопазиранд.

Аммо раҳбари маркази ҳифзи ҳуқуқи “Афсарони Русия” Сергей Ермаленко дар суҳбат бо “Московский комсомолец” гуфтааст, ки агар дар ҳудуди қисми низомӣ “гаупвахт” набошад, дар боздоштгоҳ нигоҳ доштани Степанов дуруст аст. Аммо вакили мудофеи Степанов гуфтааст, ки “агар уро дар камераи танҳо мегузоштанд ҷойе барои баҳс намебуд. Вале, ӯро дар камера бо 15 нафар тоҷик ҷой кардаанд, ки онҳо ӯро ба қабул кардани дини Ислом даъват мекунанд. Инчунин мунтазам маъмурини боздоштгоҳ ба ҷои нигоҳдории маҳбусон ворид шуда, ба задани ҳамаи бошандагон бо чӯбдастҳо оғоз мекунанд. Маъмурин бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, ки зерҳимояам забони онҳоро намефаҳмад ва ҳатто намедонад, ки барои чӣ ӯро латукӯб мекунанд”.
Мӯҳр
Али
камтар азоба бинанд русхои калабур

Не брат
Бар зерхимояат бигу, ки точиконро дар РФ низ мезананд. онхо низ намедонанд барои чи мезанандашон.

Дилсуз
Шахрванди Руссияи бузург! Бидон, ки шахрвандони бегунохи Точикистон дар Руссия худо наунаду ба дасти пулисхоятон афтад. Холо шукр кун, ки ба ту химочиро ичозат додаанд. Курнамакхо

Гургро дар овмури капидан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)