Бахшҳо

Ҳушдори Абдулқодирзода аз “салафияи ҷиҳодӣ” ва шиаи дувоздаҳимома

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сокинони кишварро аз пайдошавии гуруҳҳои нав, ки ҳадафи ноором кардани ҷомеаи кишварро доранд, ҳушдор дод.

Абдулқодирзода рӯзи 19 июн дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, “гуруҳҳое наве бо номи салафияи такфирию салафияи ҷиҳодӣ ва шиаи дувоздаҳимома пайдо шудаанд, ки ҳадафи ноором кардани ҷомеаи моро доранд”.

Ӯ яккамазҳабиро омили аслии сулҳу субот дар ҷомеаи мусалмоннишин хонда гуфт, давоми ҳазор соли охир мусулмонони тоҷик аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ кардаанд: “Яккамазҳабӣ омили аслии бародарию ухуват аст, ки он бояд нигаҳ дошта шавад”.

Ин барои аввалин маротиба нест, ки раиси Шӯрои уламон аз намояндаҳои равияи салафӣ ва шиаи исноашарӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Қаблан ӯ гуфта буд, ба шунидаш намояндаҳои салафиҳову шиаҳои исноъашарӣ ба мансабҳои давлатӣ даст ёфтаанд: “мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гуруҳҳо, яъне намояндагони равияи салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд”.

Оқои Абдулқодирзода он вақт ҳушдор дод, куҷое пайравони ин ду гуруҳ бошад, он ҷо нооромӣ аст: “Ҳоло чанд нафаре дар инҷо ҳастанд, аз салафиҳо мебинед, ки дар саф халал меоранд. Дар намоз ҳаст, то охири намоз пояшро мебараду меорад. Халал мерасонанд, ба намозгузорон. То охири намоз фикру ҳушаш ба ҳамон ду пояш ҳаст, бечора... Чанборҳо шикоят кардаанд, "ҳазрати муфтӣ! Ҷавоне дар намоз пояшро мебараду болои поям мемонад, поямро мегирам, боз оварда мемонад. То охири намоз фикрамро парешон кард, ки намедонам, чӣ гуфтам. Масъалаи пойро дар намоз паҳн мондану наздик мондан, инро фуқаҳо ҳал кардаанд. Бар асоси мазҳаби Ҳанафия пой баробари китф бояд монда шавад. Муҳим саф рост бошад, ки ин афзал аст”.

Абдулқодирзода хост, ин афрод ба амалашон хотима бахшанд ва бо ёдоварӣ аз расман мамнӯъ шудани ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон афзуд, “коре накунед, то ба мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоятҳо кунанд, ки омада инҷо чандин нафарро ба маҳкама кашанд. Ӯ сабаби ба такрор дахл карданаш ба масоили шиаҳои “исноашарӣ” ва ҳаракатҳои мамнуулфаъолият ба мисли Салафияро шарҳ дода, гуфт, “бо ду чашми сарам дидаам, ки ингуна ихтилофоти динӣ чи гуна мардумро ба хуну обу оташ кашидаанд. Садҳо ҳазор нафар сарсону овора шуданд. Бас нест, якбор?! Боз ҳамин ҳаракатҳову низоъҳои динию мазҳабӣ?!”
Мӯҳр
офарин ба муфтии мо дар хакикат шиахо бисёр шуда истодааст эхтиёт кардан даркор аз инхел фитнагархо

Точик
Хайрият дар Точикистон нафаре ефт мешудааст ки хатари шиаро дарк карда бошад.

Раият
Худо нигаҳбон бошад муфтии Тоҷикистонро. Барака ёбӣ, акаи Саидмукаррам!

Кулябец
Вакте, ки давлат демократи бошад одамонро ба яккамазхаби даъват кардан ё мачбур кардан аз конун берун хаст . Хар кас мувофики сарконун озод хаст ва кадом дину мазхабро интихоб карданаш ихтиёрист!

Исфара
Хайрияте як чумъа бе гуфтани хнит мегузаштааст!

Салмон
Мазх,аби мо бех,тарин аст дар Ислом. Лекин ч,омеаи моро бисермасч,иди ба чунин вазъият овард. Дар дех,оте йо шах,ре , ки ду йо зиеда аз он масч,ид аст, дар он ч,о Ислом хор шуда , фикри бандааш реша мезанад...

Бародарон ман Шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки баъд аз мутолиаи ин макола дар зер боз маколае хаст бо номи "Изхори эхтироми Абдукодирзода ба Шиъаёни Исмоилия...." онро мутолиа намоед. Ин макола такрори хамон суханон аст, вале ачоибаш дар он аст, ки он макола 4 апрели соли 2014 ва инаш бошад 19 июни соли 2015 нашр шудааст. АЧАБОООО!!! Аз кормандони ОЗОДАГОН хохиш дорам ин суханони маро нашр кунанд.

[Посух ба Ханафи
Бародари Азиз! шиаи Исмоили аз шиаи Исноашри ё дувоздахимоми мисли Ислом ва Бахоя фарк дорад.Исмоилиён душмани ашшадии асноашриён мебошанд.Имом Хумайни соли 1979 пас аз инкилоби Ирон 1.5 миллион шииёни Имоилии Эронро нобуд ва фирор намуд.Шииёни Исноашраи дар асл хам тундгаро ва маргталаб мебошанд.

Бародари гироми Ханафи! Агар саводи кофии дини надошта боши ба бахс хамрох нашав.Шиаи дувоздахимоми аз Шиаи Исмоли аз замин то осмон фарк дорад.Дар 150 соли охир шииёни дувзодаиммои Исмилоёнро таъкиб карданд.Асноаширён фанатик сахт иртичои мебошанд.Браъакс Шииёни Исмоили ба мазхаби Ханафи наздиктранд.Хомиёни асоси ва чонбонхи Имом Абу ханифа Исмолиёни Сурия буданд.Имом Чаъфари Содик Абухалил Арвнди устодони Имом Абуханиф буданд.Лиутфан киоби Слевестер Де Сали ро мутолиа кунед.дар интернет аст.

банда
Бобои муфти бисёр суханхои хуб гуфтен ,агар оиди манъи хичоб,манъи кудако ба масчид ,манъи азон бо микрафон ва манъи риш суханхои ширин карда ин сунатхои расули акрамро с.а.в. аз нав бо як хиссиёти баланди умматона ,бо як мухабати иллохиёнаву ва аз куръони карим суханхои хаккро баён мекардед боваркунен ку дар таърихи точикон номи Шумора бо харфи калон кайд мекардан. Аз ин лихоз гуфтаниям муфтии точик, вакташ омадааст дар ин мохи Шариф дар ин мохи магфират гунохо,амали кардаи худро икрор шуда дар намози Чумъа баён кунед!!!!!!! Охир баён кунед ба хукуматдорон ки амнията бакуват кунад,вазъияти иктисодиро пуркуват кунад ана мебинен ки на мардум ба Сирия мераванду на ба хар хел мазхабхо дохил мешаванд,Шумохам обру мегирен хукуматам тинч мешавад , Илтимос "Озодагон" чоп кунед ба номи Аллох

Як чизро набояд фромуш кард ки бобои муфти фарзанди солех дорен бисёр кироатхи бехтаринро мекунад хато дар масчиди Маяковский кироат мекунаду таробехро пеш саф гирифтагиай , охир руи хотири хамон кудак кунену оиди суханхои ман як хушру фикр кунен ки вактам кам мондай рамазонам афсус ки тез мегузарад

Cergey
Як ками дигар биистед хукуматро охиста охиста ба хамон гуфтагихоят фурухта истодаанд.

Товба
Мусулмони хакики дар ин мохи шарифи Рамазон сидкан хамаи фикри амалшро ба хамдиливу хамдигарфахми, хамдигарбахшидан байни хамаи мусломонон ва умуман бандагони Худо равона мекунад.

Чаъфари Содик,
Бародари гироми! Шумо суханони маро нафахмидед. Максади ман танкиди ягон гуруху равия нест, аз он чумлахоям, ман дар ончо номи маколае, ки 4.04.2014 дар хамин ОЗОДАГОН нашр шудааст овардам. Агар Шумо тавассути Компутар ба интернет дароед тавассути Мушак ба зери экран рафта хонед максади маро пай мебаред. Аммо акнун мегуям, ки аввал ин ки дар Ислом Шиъа гуфтани мазхаб вучуд надора. Кеск ки ин акидаро дорад у гумрох аст. Мазхаби Шиъа (новобаста аз Ъашарию Исмоилию дигару дигар) сохтаи Яхудиени замони хилофати Хазрати Али (р) мебошад, ки худи Хазрат аз инхо безор буд. Дар кайди хаёт буданаш чандин Шиъаро сарашро аз тан чудо карда буд. Ин Мазхабро Яхудиён сохтанд то ин ки Уммати Исломиро аз байни худ нобуд кунанд. Дувоздахимома хам хато хаст. Ман акидаи инхоро хуб медонам Хазрати Али (р)-ро аз тамоми Пайгомбарони Улулъазм бартар медонанд, хатто акида доранд, ки ба у ВАХЙ аз чониби Худованд меомад (наъузубиллох). Хулас дар Ислом факат чахор Мазхаби Ахли Суннати вал Чамоат дуруст ва эътирофшуда мебошад, ин Шиъаю Салафи-Ваххоби харду моли Яхуду Насоро мебошад ва инро тамоми Олимони Ислому гайри Исломи медонанд.

АМИР
халки точик худро дар чахон бо бузургон ба монанди РУДАКИ,ФИРДАВСИ,СААЬДИ,ХОФИЗ,ФИРДАВСИ,ШАЙХ АТТОР, АБУАЛИ ИБНИ СИНО ва дигархо худро мухарифи мекунад ва оламиён ба ин бузургон сари таьзим меоранд,ин бузургон хамма шиааён буданд,(мумкин базехо инро надонанд) ва онхо дар зиндагиашон аз ин хел муллохои гумрохи нодон бисёр азобу машакат кашиданд,пас ин бузургон кофир бошанд ,халки точик пас ягон шахси бузург надорад ки уро чахон шиносад,пас халки точик хеч чиз надорад,хакикат пас хамин хел будаст, ин муллои нодон ки халкро ба таракиёт ,пешрави ва зиндагии хушбахтона не ,балки ба чахолат ,нодони низохои диннию мазхаби оварда мерасонанд , точикистонро афгонистон мекунанд,шумо ин муллохоро камтар гуш кунед ,саадиу хофизу румиро бисёртар хонед,наход ИСЛОМ ин бадбини ,чангу чанчол бошад? ИСЛОМ ин як дини киматбахо ки дар он сулх, вахдат ,инсондусти,илм (хам илми замона ва хам илми динни) мебошад ин хаст хакикати ИСЛОМ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)