Нахуствазир хостори эъдом нашудани муҷримин дар Рамазон шуд
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз мақомҳои масъули кишвараш хостааст, ба эҳтироми моҳи мубораки Рамазон аз иҷрои муҷозоти эъдом муваққатан даст кашанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Покистон дорои бештарин теъдоди муҷримони маҳкум ба эъдом дар сатҳи ҷаҳон аст. Давоми ҳафт моҳи ахир дар ин кишвар беш аз 170 нафар эъдом шудаанд. Тайи ҳафтаи гузашта дастикам 15 нафар бо ҷурми қатл дар зиндонҳои мухталифи Покистон эъдом шудаанд.
Авохири соли гузашта баъд аз ҳамлаи маргбор ба мадрасаи шаҳри Пешовар давлати Покистон иҷрои ҳукми эъдомро баъд аз ҳафт соли таълиқ аз сар гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |