Паноҳҷӯии чаҳор тоҷикистонӣ дар Қирғизистон
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Қирғизистон ба намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон дар ин кишвар муроҷиат кардаанд.
Дар ин бора масъулини намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Қирғизистон рӯзи 19 июн зимни нишасте дар шаҳри Бишкек хабар додаанд. Аммо дар бораи ному насаби онҳо чизе гуфта нашудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло шумораи гурезаҳо ва шаҳрвандони хориҷие, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Қирғизистон ба намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон муроҷиат кардаанд, 606 нафарро ташкил медиҳад, ки миёнашон 284 кӯдак ҳаст.
Аз ин теъдод, 431 нафар гуреза буда, 175 нафари дигар паноҳгоҳ меҷӯянд, ки миёни онҳо 65 шаҳрванди Сурия, 29 шаҳрванди Узбакистон, 28 шаҳрванди Украина, 6 шаҳрванди Покистон, 3 шаҳрванди Эрон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |