Бахшҳо
22 июн 2015 13:23Тоҷикистон / Сиёсат

Интихоби раиси нави "Созандагони Ватан" ва муовинонаш аз Хатлону Суғду Бадахшон

Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси он ба нишони эътироз аз мақомаш канор рафта буд, барои худ раҳбари нав интихоб кардааст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Абдулло Раҳмонзода, ҳуқушиноси 32-солаи ин ҳизб раиси нави Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” интихоб гардидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Солеҳ, раҳбари нави “Созандагони Ватан” имрӯз, 22 июн дар конфронси 4-уми ин ташкилот дар шаҳри Душанбе аз сӯи 27 аъзои Шӯрои он баргузида шуд. Инчунин дар конфронси мазкур, Фирӯза Шарифӣ, аз вилояти Хатлон, Муҳаммадҷон Аҳрорӣ, аз вилояти Суғд ва Сураҷ Чоршанбиев аз вилояти Бадахшон муовинони раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” таъйин шудаанд.

Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси пешини қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо нишони эътироз аз мақомаш истеъфо дода, гуфт, сабаби ин иқдомашро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" мебошад: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.

Оқои Абдураҳмонов дар пайи тағйироти кадрии чанд моҳи қабл дар ҲХДТ соҳиби мақоми раиси “Созандагони Ватан” шуд. Ӯ Адҳамҷон Мирсаидовро иваз кард, ки дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гирифт.

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ 21 феврали соли 1983 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос - омӯзгор хатм карда, солҳои 2005-2009 таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Аспирантураи Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2005 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба ҳайси муаллими калони ҳамин донишгоҳ, мутахассиси пешбар ва баъдтар муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2013 инҷониб ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуда кор мекунад.
Мӯҳр
Офарин!!! Абдулло Рахмонзода шахси арзанда ва аз ухдаи ин кор бо мувафакият мебарояд

Абдуллоро 15 сол шуд мешиносам. Шахси коргар, хоксор ва бонангу бономус аст. Бехтарин чавонро интихоб кардед. Иншооллох "Созандагони Ватан" дар хакикат созанда мешавад. Офарин ба нафароне, ки уро интихоб карданд. Абдулло акнун он догхои Созандагонро бояд тоза куни. Кори зиёде туро дар пеш аст. Бовари дорам, ки бо сари баланд аз ухдаи он баромада, сиёсати рохбарияти ХХДТ-ро миёни чавонони созандаи кишварамон арзанда муаррифи мекуни. Бо эхтиром, хамкурсат.

Барои Рахмонзода Абдулло ва муовинонаш дар корхои ояндаашон мувафакияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Як маколаи илми надорад лекин аз ухдааш мебарояд. Ба пеш Нуров

Рустам
Ба ки даркор хамин созандашону хизбашон. Ягон чоро обод мекунанд? Боз як лаббайгуяку лагандбардорони иловаги.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)