Беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро аз Бошқирдистон ихроҷ кардаанд
Тоҷикистон аз рӯи теъдоди шаҳрвандони ихроҷшудааш аз қаламрави Бошқирдистони Русия мақоми дуюмро ишғол мекунад.
Тавре расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои Хадамоти федеролии судиҷрочиён иттилоъ медиҳад, шурӯъ аз аввали соли равон, 57 шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз қаламрави Бошқирдистон депорт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама зиёдтар – 166 нафар, шаҳрвандони Узбакистон ба Ватан фиристода шудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози соли 2015, 278 муҳоҷири хориҷӣ аз ин кишвар депорт шудаанд, ки миёнашон табааи Озарбойҷон, Арманистон, Ветнам, Туркия, Молдов, Қазоқистон ва ҳатто Сенегалу Нигерия ва Бритониё ҳам будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |