Сарбозе, ки шаш ҷангиро кушт, аз раисиҷумҳур хона гирифт
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ба сарбозе, ки дар даргирии рӯзи гузашта дар Кобул шаш террористро кушт, калиди хона тақдим кардааст.
Ашраф Ғанӣ имрӯз, 23 июн дар саҳфаи Фейсбукаш навиштааст, ба унвони ҷоиза ба Исохон калиди манзил эҳдо кард ва қарор шуд ба зудӣ ба ӯ медал ва рутба низ дода мешавад. Ӯ ин сарбозро қаҳрамон хитоб кардааст.
Маҷлиси намояндагон низ, ки рӯзи гузашта ҳадафи ҳамла қарор гирифт, аз шуҷоати ин сарбози афғон тавсиф кардааст. Дар ҷаласаи фавқулодаи Маҷлиси намояндагон аз Исохон ба унвони сарбози шуҷоъ ёд шуда, хостори кумаки нақдӣ ба ӯ шудаанд.
Рӯзи гузашта як гуруҳи мусаллаҳ ба бинои парлумони Афғонистон ҳамла кард ва бино ба хабарҳои расонаҳои ин кишвар Исохон шаш тан аз ин ҳамлаваронро маҳв кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |