Бахшҳо
24 июн 2015 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Freedom House: Тоҷикистон авторитарист, аммо аз Русия демократитар

Созмони “Freedom House” ё Хонаи Озодӣ бо нашри як гузориши ҷадид Тоҷикистонро авторитарӣ хонда, афзудааст, ки бо вуҷуди ақибравии равандҳои демократӣ тайи 4 соли охир дар Тоҷикистон, ин кишвар ҳанӯз ҳам аз нигоҳи демократӣ аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон пешсаф аст.

“Freedom House” гузориши ҷадидаш “Кишварҳои давраи гузариш-2015” авзои 29 кишвари Урупои Марказӣ ва Осиёи Марказиро ба таҳлил кашидааст, ки тибқи он Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ танҳо аз Қирғизистон ақиб мондааст.

Ин ниҳоди ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ вазъияти ҳар кишварро бар бунёди ҳафт шохиси калидӣ, аз ҷумла вазъияти раванди интихобот, мавқеияти ҷомеаи маданӣ, сатҳи истиқлоли расонаҳо, сатҳи фасод, кайфияти (сифат) мудирият ва ғайра таҳлил кардааст. Баҳогузории ин гузориш аз рӯи дараҷаи 7 балла сурат гирифтааст, ки 7 нишондиҳандаи бадтарин маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб, Тоҷикстон дар ин ҷадвал соҳиби – 6,39 бал гардида таъкид шудааст, ки дар ин кишвар вазъияти раванди интихобот ва мавқеияти ҷомеаи маданӣ дучори пасрафт шудааст. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қирғизистон 5,93, Қазоқистон 6,61, Туркманистон ва Узбакистон соҳиби 6,93 соҳиби бал гардидаанд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки “раҳбарони иқтидоргарои ба истилоҳ пуштибони демократия, тактикаҳои саркӯбкунандаи худро ба як равиш дароварданд ва аз сиёсати фарогир худдорӣ кардаанд”.

Нахустин бор чунин гузориш 20 сол қабл нашр шудааст, ки он замон танҳо 3 кишвар Белорусия, Туркманистон ва Узбакистон “режимҳои собитшудаи иқтидоргаро” дониста шудаанд. Аммо, ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, аз он замон вазъият бадтар шудааст. Теъдоди режимҳои монанд ба 3 кишвари боло 2 баробар зиёд шудааст. Ба ҳисоби “Freedom House” имрӯз дар минтақаи Авруосиё 13 кишвари демократӣ, 6 кишвар дар ҳоли гузариш ва 10 кишвари иқтидоргаро мавҷуд аст. Ин созмон ба қатори кишварҳои авторитарӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбакистонро ворид кардааст.
Мӯҳр
ман дар тахлилхои хамин ниход чахони хайрон, демократия гуфта чиро дар назар дошта бошанд. Инхо хамон занакхои танфурушро ба ёд меоранд, ки аз руй муносибати хамдигари хар руз аз як муносибати нохуб тез фикру акидаи худро дигар менамоянд. Як бор бахсу музокиротхоро дар симохои Русия байни шахсони гуногун андеша тамошо карда мебини-ку чй хел сатхи демократияи он аз мо пастар будааст, хело хандондед.

хайронам
Даврон
Хамаи ин пешравихову озодихо аз шарофати президенти мухтарами кишварамон аст. Худо сояи Рахмонро аз сари мардуми точик кам накунад

карим
Ачабо дар Руссия то президентро танкид мекунанд, дар Точикистон мае нашунидам.Ба фикрум танкидкуна чош маълумай бари Зайду , Гафору,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)