Бахшҳо

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистон Узбакистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат хостори истифодаи бештари имконоти мавҷуда шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Давлаталӣ Саид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа роҳбарӣ мекунад, рӯзи 23-юми июн дар Тошканд Узбакистонро шарики муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон хондааст. Ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон алоқаманди рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои илму техника, маориф, ҳамлу нақл ва кишоварзӣ бо Узбакистон мебошад. Давлаталӣ Саид изҳор доштааст, “яке аз корҳое, ки барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон мусодат мекунад, содда кардани низоми раводид мебошад”.

Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, ки ҳайати кишварашро дар гуфтушунидҳо роҳбарӣ мекардааст, изҳор доштааст, ки ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон бар асоси қарордоди соли 1996 дар бораи савдои озод рушд мекунад. Азимов афзудааст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон дар вохурии раисони ҷумҳур гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол сомонаи “Podrobno.uz” ҷузъиёти бештари гуфтушунидҳоро нашр кардааст. Ба иттилои ин сомона муовини аввали нахуствазири Узбакистон, Рустам Азимов гуфтааст: “Ширкатҳои Узбакистон омода астанд, ки ба бозори Тоҷикистон колоҳои гуногун аз қабили мошинҳои сабукрав ва боркаш, мусофиркашҳо, мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ва барқӣ ворид кунанд. Маҳсулоти сохти Узбакистон бо маҳсулоти кишварҳои сеюм ҳам аз ҷиҳати нарх ва сифат рақобатпазиранд”. Ба гуфтаи Азимов, танҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонанд “он гиреҳҳои бузурге, ки тӯли солҳои гузашта эҷод шуданд, боз кунад”.

Азимов бо таҳлили тиҷорати дуҷонибаи солҳои ахир афзудааст, ки дастовардҳо нисбатан кам астанд. Дар давоми панҷ сол мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 150 миллион доллар будааст. Дар соли 2014 ин нишондод 5,5 баробар зиёд шуда, то 160 миллион доллар расидааст. “Мо дар заминаи тиҷорат зарфиятҳои дастнахурдаи зиёд дорем, ки бо қабул кардани иқдомоти ҳамоҳанг метавонем рушди тиҷорати дутарафаро таъмин кунем”-гуфтааст Азимов

Дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон омадааст, ки мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2014 ба 160 миллион доллар расидааст. Ин нишондод тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 49,2 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Гуфта мешавад, ки феълан дар Узбакистон 18 корхонаи муштарак бо иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ фаъолият мекунанд.

Дар ин нишаст, қайд шудааст, ки дар доираи ҳамкориҳои сармоягузорӣ амалан имкониятҳои бунёд кардани истеҳсолоти муштарак истифода намешавад.

Дар ҳамин ҳол то ҳозир ягон ҷониб аз тавофуқоти мушаххасе миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ иттилоъ надодааст.


(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд

(АКС) Азимов: Тиҷорат метавонад "гиреҳ"-ҳои Тошканду Душанберо кушояд
Мӯҳр
Ххдт
Холо ягон пешрави нест!

То вохури расми президенти харду Кишвар е дар Душанбе е дар тошкент нашавад ягон хел осони рафта омад ба даст намеояд

Душанбеги
Нисбати Давлатали Саид гап нест. Ба у сатхи баландтарини одамигари, хоксорию фурутани, дониши мукаммали иктисодию дипломати хос аст. Ташаккур ба Чаноби Оли, ки махз чунин гурухи мутахассисони чавонро фиристоданд. Ба чехраи онхо нигох карда хар як точикистони мефахрад, ки махз хамин гуна шахсон давлатамонро муаррифи менамоянд. Ахсан!

Darvesh
Ay dastai I vokhuriho yagon peshravi nest Murodali Alimardon raft boz ish omaday!!!!!!!

Izat
Ташаккури зиед ба мухтарам Давлатали Саид. Ин оголи кор аст. Иншооллох то мохи бисере аз ин икдомхо амали хоханд шуд. Факат ба пеш.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)