Бахшҳо

Хадамотҳои Тоҷикистон то кай "меситонанд"?

Азизи НАҚИБЗОД

SMS-е ки ахиран муштариёни ширкатҳои мобилӣ дарёфт намуданд, касро ба хулоса меорад, ки тасаввури “болонишинон” дар хусуси сатҳи зиндагии мардум тағйир наёфтааст. Яъне, дар “болоҳо” ҳанӯз фикр мекунанд, ки мардум “дорад” ва бояд роҳе пайдо карду “ситонд”.

Ҳарчанд аз мазмуни ин SMS-ҳо аксарият огоҳанд, аммо барои расмият намунаашро инҷо меорем. SMS аз ширкати TCELL: "Дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1.07.2015 пардохти муштарипулӣ ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонида мешавад".

Мепурсед, барои чӣ? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳамин матн ҳаст: “Барои истифодаи рақам”. Вале мебахшед, барои истифодаи рақам мо ҳар моҳ ба ин ширкатҳо пул медиҳем. Ба болояш аз ҳисоби мо андоз ва андоз аз АИ ва андози аксиз “меситонед”. Воқеан ба “шарофат”-и чунин хадамотҳо андози аксиз барои телефони мобилӣ кашф гардид ва имсол аз 3 дарсад ба 5 дарсад боло бурда шуд.

Бояд гуфт, аслан вазифаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ пуштибонӣ аз ҳаққи шаҳрвандон бояд бошад. Ин ниҳод пеши роҳи он ширкатҳоеро, ки мехоҳанд, кадоме аз маҳсулоти бозорро монополия кунанд, мебояд бигирад. Мантиқан дар ҳолатҳое, ки аз сӯи ширкатҳо нисбати аҳолӣ ноҳаққӣ сурат гирад бояд пеш аз ҳама ин ниҳод аз пайи ҳалли мушкил гардад ва нагузорад, ки кадом ширкате аз шаҳрвандон баноҳақ пул ситонад. Аммо имрӯз ин ниҳод худаш рӯирост, бешармона аз ширкатҳо талаб карда, ки ҳар моҳе 80 дирам аз ҳар муштарӣ “ситонед”!

Ғайриқонунӣ будани ин фармонро бо вуҷуди маълум буданаш дар суҳбат бо ҳуқуқшиносон дақиқ намудем. Ҳуқуқшиносон маслиҳат доданд, ки метавонем ба суд аз болои Хадамоти зиддиинҳисорӣ шикоят барем. Аммо аз рӯи ниҳоде, ки 6500 000 муштарии ширкатҳои мобилиро метавонад ба масхара кашад ва нисбаташон зулм раво бинад, даъво бурдан он ҳам дар Тоҷикистон магар мантиқист?

Зикр бояд кард ки Хадамотҳои алоқа ва зиддиинҳисорӣ ва ё дигар мақомот ва бархе ширкатҳои “хос” то имрӯз ба чунин амалҳояшон бо пешниҳоди тарҳи қонун ба Парлумон ба ин корҳояшон ҷомаи қонунӣ мепӯшониданд. Ҳоло ончунон мағрур шудаанд, ки ҳатто аз Парлумон намехоҳанд, то талаб ё тамаъ ё “ҳаққ”-и меситонидаашонро ҷомаи қонунӣ пӯшонанд. Охир ин амалро чӣ гуна метавон тавҷеҳ кард? Ҷуз ғорати рӯирости миллату мардуми худ.

Ин 80 дирам дар назари аввал ночиз менамояд, вале як бор 80 дирамро ба 6500 000 муштарӣ зарб занед, 5200 000 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Ҳоло 5200 000 сомониро ба 12 моҳ зарб мезанем, ки 62 400 000-ро ташкил менамояд. Маблағи каме нест.

Аз ин ҳам бигзарему дар мавриди дору надори мардум ҳарф занем. “Болонишинон ҳамин телефони дастӣ доштану дар шаҳрҳо зиёд шудани адади мошинҳои сабукравро нишони дороии мардум мешуморанд. Аммо таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ин падидаҳо дар асл нишони дороӣ набудаанд. Чӣ расад дар ин вазъ, ки замони буҳрон аст ва беқурбшавии сомонӣ сабаби то 30 дарсад боло рафтани нарху наво гардид. Таваҷҷуҳ карда бошед, нархи маҳсулоти воридотӣ аксаран гарон шуд. Аммо нархи гӯшт 35-36 сомонӣ боқӣ монд, мисли 3 соли пеш. Ин чӣ маънӣ дорад? Ин аз бӯҳрон мегӯяд, аз вазъи хеле баду ногувор. Яъне, мардум қобилияти харидории гӯштро надорад! Агар медошт пеш аз ҳама дар чунин вазъ нархи гӯшт боло мерафт. Ин ҳама аз он мегӯяд, ки дар хонае 2-3 тилфони мобилӣ доштан маъноӣ доро буданро надорад.

Аслан ҳамин хадамотҳои давлатӣ идора ва роҳбарии ҷомеа ё ниҳоди таҳти фармонашонро дар чӣ хулоса мекарда бошанд. Наход тамоми тасаввуроташон аз роҳбарӣ “ситонидан” бошад! Охир то чанд ва то кай ин “ситониданҳо”-и Шумо идома хоҳад кард?
Мӯҳр
Шахсан ман дар 2 духо ягом маблаг дар телефонам намегузаронам бо илтимос гап мезанам авхоли мо чи мешавад..........ХАДАМОТ

Доштани мошин ё ду телфони мобилӣ маънои дорои мардумро нишон намедиҳад бар акс муҳочири бечора бо ду танг меравад он дар ҳол мошин мегирад то булаш хазина шавад баъди ду се моҳ ба фурӯш монда боз ба муҳоҷират барои он ки он бале бурдааст он наметавонад коре кард зеро дар кадом бахше кор сар кардани (абарот) андози зиёд аст

546
Агар хама як хафта аз хизмати телефони мобили даст кашад чи мешуда бошад.

коля
Не то инхел хол овардани мардуми бечора чи лозим биёед хавои Точикистонро ба пул кунед дигар нафас намекашем.

шахсан хастанд касоне, ки умуман ба симкортхояшон маблаг намегузоранду танхо аз зангхои воридоти истифода мекунанд, ин шахсон на кам аз ду се мох маблаг мепартоянду бо хамин аз симкартхои нолозим даст мекашанд яъне 62400 чамъ намешавад, ин маънои ихтисори кормандон дар шабакахои алока мебошад, зеро алакай медонанд ки маблаг зарури чамъ намешаваду мачбур муштарипули боло бардошта шавад

Бо салом ва эҳтиром хидмати дастандаркорони мӯҳтарам! Домулло Азиз, черо хадамотро, ки маънии ҷамъ дорад, ба сурати ғалат истифода мекунед. Хоҳиш мекунам як каме эҳтиром ба забони тоҷикб қойил бошед, зеро истифодаи аз ин даст хоси афроди камасавод аст.

Испечак 2
БАРОДАРОН ҲАМИН ГУНА БЕАДОЛАТИҲО ДАР ҲАМА СОҲА ДИДА МЕШАВАД ҲЕҶ ГУМОН НАМЕКУНАМ КИ ШИКОЯТИ МАРДУМ ПАС ҚАРОРИ БАРОВАРДА СУДЕ МЕБАХШИДА БОШАД. БАРОИ МИСОЛ ЯК БА НАРХҲОИ ШУЪБАҲОИ ШИНОСНОМАДИҲИ НАЗАР КУНЕМ Ё КИ БАРОИ ҲУҶАГУЗОРИ КАРДАНИ НАҚЛИЁТ Ё ҲУҶАТИ РОНАНДАГИ ТАМОМАН НАРХҲОЕ КИ БЕНИҲОЯТ БЕИНСОФОНА ВА БЕАДОЛАТОНА ЧИ СОҲАИ АНДОЗ ҲАР СОЛ АНДОЗРО БОЛО МЕБАРДОРАД ГУЁ ДАРОМАДИ МАРДУМ ҲАМ ЗИЁД МЕШУДА БОШАД ОХИР ИН БЕАДОЛАТИҲО БОЛОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ТО КАЙ ДАВОМ МЕЁФТА БОШАД? ҲАР ҚАРОРУ ҚОНУНЕ КИ МЕБАРОЯД АКСАРАН ДАР ОН ҲЕҶ ФОИДАЕ БАРОИ МАРДУМ ДИДА НАМЕШАВАД.

Shoev
Ozadagon borakallo.. Inro meguyand " Az ki nolem ki az most ki bar most ".. Rasonahoi xabari boyad hatman bozihoi rubahonai eshonro ifsho kunand to ba eshon fishore boshad az magruri..

нусрат аз нуробод
Да оилаи мо 6 телефонай хар мох 5 сомон меша пули зиёти неки мо 1 сомони намиёвем надорем ихел намешавад охир барои чи факат зиди халк кор мекунан!!!!Камбагал,

Хак ба чониби бародар аст. Нишонаи ду ё се тел гуфани аксар маънои онро надорад, ки мардуми точик сохиби пулу моли зиёдан ва сатхи зиндагияшон дар холати хуб карор дорад! вале бояд гуфт, ки ин шабакахо аз хама роху воситахо истифода карда, аз муштариён маблагхои муайян ба таври махфи меситонанд. Дар ин росто МАКОМОТхои дахлдорро зарур аст, ки аз аз болои чунин нобаробари ва поймолкунии шахрвандон назоратхои чидди барад. бехуда бузургон нагуфтаанд, ки "Чупон аз барои рамма аст, на рама аз барои чупо" ва ё "подшох аз барои раъият аст, на раъият барои подшох". Бинобар ин мехохам зикр созам, ки чунин амал бояд аз руи адолат ба рох монда шавад, на аз барои манфиатхои шахси.......


Хукукшиносон ба Шумо, домулло Азиз, маслихати галат додаанд. Хадамоти алокаро ба суд бояд ширкатхои мобили кашанд, муштариён дар навбати худ метавонанд нисбати ширкатхо арз кунанд. Лекин, ба фикрам, ширкатхои мобили буздиланд ва боз рохи осони халли масъалро меёбанд - аз хисоби муштари ичро кардани ухдадории худ....Ана мебинем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)