Хатнасури 360 наврас ва арӯсии 55 ҷуфт дар Душанбе
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бахшида ба истиқболи 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 360 наврасро хатнасур ва арӯсии 55 ҷуфти ҷавонро баргузор хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин иқдом бо баргузории чорабиние рӯзи 25 июн дар Муассисаи давлати “Боғи пойтахт” сурат хоҳад гирифт.
Манбаъ меафзояд, “аз нимаи дуюми 25-уми июн Боғ ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тўйдорон фаъол карда мешавад, ки дар расми он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуда, соҳибҷашнонро бо туҳфаву мукофотпулиҳо қадр менамояд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ таъкид кардааст, “бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 7 иншооти гуногунтаъинот бо маблағи 441,2 миллион сомонӣ ва таъсиси 558 ҷойҳои нави корӣ, ки маҳсули заҳмати аҳли ҷамоатчигӣ мебошад, ифтитоҳ хоҳад шуд”.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |