Бахшҳо
25 июн 2015 11:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Интиқоди Қодирӣ аз сурудҳои кӯчагии ба ном ситораҳо ва ҳаҷви каммазмун дар ВАО

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз пахши сурудҳои ба истилоҳ кӯчагии ба ном ситораҳо дар радиою телевизион ва ҳаҷви сабуку каммазмун дар кишвар интиқод кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Қодирӣ, 24 июн дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоташ бо аҳли адаби вилояти Суғд фаъолияти кунунии маҳфили илмию адабии Ганҷи сухан, ки дар замони роҳбарии олими шинохта Абдулманнони Насриддин мақому мартабаи хосро касб карда буд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят таъкид кардааст, ки шоирону нависандагон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аммо дар шароити кунунӣ аз минбари ВАО, хоса телевизион кам истифода мебаранд: “Дар ин замина, ташкили як барномаи мукаммали адабии телевизионӣ, ки аҳли эҷод тавонанд дарди ҷомеаро бо назму наср ифода намоянд, мувофиқи мақсад дониста шуд”.

Манбаъ мегӯяд, Абдураҳмон Қодирӣ аз аҳли адаб даъват ба амал овард, ки робитаашонро бо театр мустаҳкам намоянд ва барои ин соҳа асарҳои мақбули саҳнавӣ, аз ҷумла асарҳои ҳаҷвӣ таҳия созанд.

Абдураҳмон Қодирӣ гуфтааст, маҳз набудани асарҳои хуби мазҳакавӣ боиси он шудааст, ки имрӯз завқи тамошобини вилоятро ҳаҷви сабуку каммазмун аз паси худ ба поён барад. Номбурда иброз доштааст, ки муаммои дигар дар ин самт, пахши сурудҳои бемазмуни ба ном ситораҳои санъат тавассути телевизиону радиоҳо мебошад.

Абдураҳмон Қодирӣ супориши қатъӣ додааст, ки фаъолияти шӯрои бадеӣ дар сатҳу сифати нав ҷоннок гардад ва пахши сурудҳои ба истилоҳ кӯчагӣ дар телевизиону радио пешгирӣ шаванд: “Ҳамзамон беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои гуногуни адабӣ, интишору дастрас намудани осори классикон тавассути маҷаллаҳои вилоятӣ ва баҳои воқеӣ додан ба асарҳои эҷодкорони ҷавон аз масъалаҳои дигаре буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар ин мулоқот шоира Адиба Мирзоева пешниҳод намуд, ки асарҳо қабл аз чопашон бояд ҳатман аз назари адибони ботаҷриба гузаронида шаванд, то ҳаргуна китобҳои каммазмуни эҷодкорони тасодуфӣ ба ҷаҳони маънавии ҷомеа роҳ наёбанд. Аҳли адаб дар ҳузури раиси вилоят пешниҳоди ташкили бахшҳои Иттифоқи нависандагон дар шаҳру навоҳӣ, таҷлили 830 - солагии шоир Сайфи Исфарангӣ, пардохтани ҳаққи қалам ба соҳибони китоб аз ҷониби нашриётҳо, пешгирии овезаҳои рекламавии ба талаботи забони давлатӣ номувофиқ, беҳтар намудани фаъолияти осорхонаҳои адибон, фароҳам овардани шароити эҷоду истироҳат барои шоирону нависандагон ва ғайраро ба миён гузоштанд.

Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон дар баробари чопи осори классикони тоҷик, инчунин нашри беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳонро дархост намудааст.

Дар ин мулоқот ба ду нафар адиби ҷавон Малоҳат Собирзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Сурайё Ҳакимова, корманди нашрияи «Ҳақиқати Суғд» мукофоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Падида» супорида шудааст.
Мӯҳр
Ман хеч гапи Кодириро нафахммдам. Ин раиси вилояти Сугд дар бораи кадом сурудхои кучаги гап мезанад. Мо холо хам тарзи дуруст ва амик сухан гуфтанро наомухтаем!
Маънои сурудхои кучагиаш агар РЕП Е РОК бошад?
Пас бимонед бигуяд охир ин жанрхои муосирро, ки санъати точикро бемаъни кардаанд.

офарин бовар кунед Абдураҳмон Қодирӣ шахсияти барҷастаи милати тоҷик аст хуш ба он милатеки чунин шахсияти бузург дорад..доимо дар фикри беҳбудии халқ аст.

ба фикрам сурудҳои кӯчагӣ ҳамон сурудҳои пастмазмун аст ки дар ҳақиқат имруз дар ТВ радиоҳои мо хеле зиёд аст

Сурудҳои кучагӣ ҳамон ОЧАТА БГУ ва ЗАНАКОИ ЛАВИОВЕ, ки гӯшу майнаи моро дар ТВ ҳои давлвтӣ хурдаанд.

Муаллим аз Кӯлоб
Ишқи аввап ногаҳон меомадай.Бехотир дар дилакут медромадай..Шояд .Қодирӣ ҳамин гуна фачсароиҳоро дар назар дошта бошад?Мино ва,репсароҳо вақте дар маршруткаҳо мемонанд,сари кас ба дард меояд.

Рохгузар
Бовар намекунам ки зури кодири ба шоу бизнеси точик расад. Мачакашро бароварда ва шарманда мекунад инро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)