Ду асари хушнависи тоҷик дар Ҷашнвораи "Бисмиллоҳ" ба намоиш даромад
Шоми 24 июн дар Нигорхонаи Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) дар Эрон дувоздаҳумин Ҷашнвораи ҳунарии қуръонии "Бисмиллоҳ" ба кори худ оғоз бахшид.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО ба “Озодагон” гуфт, дар расми ифтитоҳи он сафирон, намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон, шахсиятҳои ҳунарӣ ва адабӣ ширкат доштанд: “Дар ин ҷашнвора 60 асари баргузидаи хушнависӣ, графикӣ ва наққошӣ, ки дар 11 ҷашнвораи гузашта пирӯз шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд, ки дар ин миён 2 асар аз Ҳаким Ҳасан - хаттоти тоҷик низ ҳунари кишвари моро муаррифӣ мекард. Ин 60 асар аз маҳсули ҳунармандони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия мебошанд”.
Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи байналмилалии “Бисмиллоҳ” ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Маркази ҳунарҳои Қуръонии Эрон бо ҳадафи эҷоди заминаи муносиб барои иртиботи ҳамоҳангӣ ва табодули таҷрибаҳои ҳунарӣ миёни ҳунармандони кишварҳои исломӣ ва бистарсозӣ барои ҳузури гарми ҳунармандони ҷаҳон дар арсаи қуръонӣ баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |