Бахшҳо
25 июн 2015 15:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Имзои барномаи “Меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017” дар Душанбе

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зери барномаи ҳамкорӣ миёни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Меҳнат “оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017” имзо гузоштааст.

Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, ки маросими баимзорасонии барнома рӯзи 24 июн сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, барномаи мазкур дар татбиқи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, стратегияи баланд бардоштни сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар ва дигар барномаҳои амалкунанда саҳми муносиб мегузорад: “Ин барнома ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнатро барои солҳои 2015-2017 ва масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузориро дар бар мегирад”.

Вазорати меҳнат мегӯяд, дар барнома се самти муҳими афзалиятноки ҳамкорӣ - баланд бардоштани иқтидори шарикони сетарафа дар танзими масъалаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат ҳангоми муколамаи иҷтимоӣ, рушди имкониятҳои шуғли арзандаи мардон ва занон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва беҳтар намудани шароити меҳнат ва фарохкунии ҳифзи иҷтимоӣ, муайян шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо татбиқи барнома имконияти дарёфти шуғли арзанда барои ҷавонон бо роҳи инкишофи малакаҳои касбӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ зиёд мегардад: “Ҳамзамон низоми миллӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат такмил ёфта, назорати меҳнат пурзўр гардида, ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон тақвият бахшида мешавад. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ба паҳн намудани дониш оид ба масъалаҳои музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур мусоидат менамояд”.

Барномаи мазкур аз ҷониби шарикони сетарафа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гуруҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо дастгирии идораи минтақавии Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, департаментҳои техникии штаб-квартираи Ташкилоти байналмилалии Меҳнат дар Женева, инчунин Маркази илмии байналмилалӣ дар Турин татбиқ мегардад.

Дар маросими имзои барнома, ҳамроҳ бо Сумангул Тағойзода, Шерхон Салимзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Азизбек Шарипов, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Хайнтс Коллер, директори минтақавии Бюрои минтақавии Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва хонум Димитрина Димитрова, директори Гуруҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ширкат намудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)