Тенгизбоев гурўҳи «Топик Рекертс»- ро ба он муттаҳам мекунад, ки оҳангашро бе иҷозаи ў истифода кардаанд: «Ба оҳанги ман бо забони англисӣ суруд навишта, сабт карданд ва дар фурўш гузоштаанд. Маро аз ин ҳолат тоҷикони муқими Амрико огоҳ карданд. Баъди шиносоӣ фаҳмидам, ки оҳанг воқеан ҳам аз ман аст. Ман ин оҳангро пешакӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар қайд монда будам ва шаҳодатномаи байналмилалӣ дорам».
Тенгизбоев мегўяд, масъулини гурўҳи «Топик Рекертс» инкор намекунанд, ки оҳанг аз ман аст, вале ба ҳар роҳ кўшиш доранд, баҳсро ба дарозо кашанд: «Гумон мекунанд, дар Тоҷикистон ҳуқуквайронкуниҳои вобаста ба ҳуқуқи муаллифӣ пайгирӣ намешаванд. Аммо ман ният дорам, то охир аз ҳуқуқҳоям ҳимоя намоям ва дар ин баҳс ғолиб оям. Маро дар роҳи мубориза барои ҳуқуқҳоям корхонаи алюминийи Тоҷикистон, «Талко» дастгирӣ карда истодааст».
Ба гуфтаи Тенгизбоев аллакай гурўҳи «Топик Рекертс» ҳам барои ҳимояаш ба як идораи адвокатҳо муроҷиат кардаст.
Ба гуфтаи Тенгизбоев, дар сурати ғолибияташ дар ин баҳс, ин ҳодиса барои ҷумҳурӣ рамзӣ хоҳад буд, зеро бори якум аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон кўшиш дорад дар сатҳи байналмилалӣ аз ҳуқуқи муаллифиаш ҳимоя кунад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Июн 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |