Бахшҳо

Қазоқистон дар Тоҷикистон ду маркази гармидиҳӣ месозад

Оҷонсии содироту сармоягузории “KAZNEX INVEST”-и Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон 2 Маркази барқу гармидиҳии нав бунёд кунад ва 1 нерӯгоҳи барқии ноҳиявиро навсозӣ намояд.

Тавофуқот дар ин бора зимни сафари ахири масъулини ин Оҷонсӣ ба Душанбе ҳосил шудааст. Аскар Аринов, масъули “KAZNEX INVEST” оид ба рушди содирот гуфтааст, зимни сафар ба Душанбе барои ворид кардани маҳсулоти сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон аз қабили фанер, нуриҳои минералӣ, дастгоҳҳои пизишкӣ ва доруворӣ дар ҳаҷми 7 миллион доллар шартнома имзо шудааст. Инчунин, қарор аст, ки ҷониби Қазоқистон дар сохтмони иншооти давлатии Тоҷикистон иштирок мекунад.

Сарсенов Маулен, мудири кулли корхонаи истеҳсоли маҳсулоти техникӣ гуфтааст, ки ин гурӯҳи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон дурнамои навро барои тоҷирони Қазоқистон боз кардааст. Ширкати таҳти раҳбарии Сарсенов барои 2 миллион доллар бо ҷониби Тоҷикисон созишнома имзо кардааст. Афзун бар ин, шартномаи ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ аз Қазоқистон барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дар ҳоли баррасӣ аст.
Мӯҳр
Точик
Ман хайронам ки хамин хел хабарора кй бовар мекарда бошад??? Шахсан ман гарантия метиям ки ягон чи намесозанд! Хозир да Точикистон факат хитоихо ба кавлашон вафо карда чизе гуян мекунан, дига милато факат коршон лапша овезон кардан)))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)