Бахшҳо
25 июн 2015 17:06Хабарҳои ҷаҳон

Чашмандозе ба ҳаводиси чанд рӯзи ахири Арманистон

Пулиси Арманистон гуфтааст, иғвоангезони ҳамоиши эътирозиро медонад, вале ба хотири шиддат нагирифтани авзоъ аз бурдани ном ва боздошти онҳо худдорӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳамоишҳои эътирозӣ дар Ереван ва шаҳрҳои дигари ин кишвар шиддат мегиранд.

Генерали пулис -- Унон Погосиён гуфтааст, иғвоандозонро то замоне ки иғвои дигар наандозанд, боздошт намекунанд. Ин генерал гуфтааст, яке аз иғвоангезон хонуми укроиние миёни муътиризини хиёбони Баҳромиён аст. Теъдоди эътирозгаронро дар хиёбони мазкур расонаҳои русӣ бештар аз 6 ҳазор гуфтаанд, вале ВАО-и ғарбӣ мегӯянд, онҳо ҳудуди 10 ҳазор нафаранд.

Эътирозҳо алайҳи боло бурдани ҳаққи нерӯи барқ дар Ереван аз 19 июн ба ин сӯ идома дорад. Шабонарӯзи сеюм аст, муътаризон майдонро тарк намекунанд. Бо вуҷуди шиддат гирифтани эътирозҳо сарвазири Арманистон -- Овик Абрамён, имрӯз гуфтааст, ҳукумат тасмим надорад, қарори худро дар мавриди боло бурдани ҳаққи истифода нерӯи барқ бознигарӣ кунад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошта, ҳукумат дар ин росто барои хонаводаҳои камбизоат имтиёзҳое пешбинӣ менамояд. Муътаризон изҳор доштаанд, то замоне ки талаби онҳо дар мавриди лағви қарори боло бурдани ҳаққи нерӯи барқ то 16 дарсад қонеъ нашавад, хиёбони Баҳромиёнро тарк намекунанд.

Ба иттилои бахши армании радиои “Озодӣ” имрӯз, 25 июн ба ҷамъи эътирозгарони Ереван эътирозгарон аз чаҳор шаҳри дигари ин кишвар -- Гюмри, Ванадзор, Аштарак ва Абовиён пайвастаанд. Баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, теъдоди эътирозгарон 23 июн баъди талошҳои зӯрмандонаи пулис барои пароканда кардани муътаризон зиёд шудааст.

23 июн сафорати ИМА дар Арманистон дар изҳороти расмии худ аз истифодаи “нерӯи номутаносиб” дар баробари эътирозгарон нигаронӣ кард. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфтааст, Русия хостори оромӣ, пешрафт ва танзими ҳарчи зудтари нофаҳмиҳо миёни ҳукумат ва шаҳрвандони Арманистон мебошад.

Баъзе аз коршиносони рус гуфтаанд, агар Русия дар ҳаводиси Арманистон дахолат кунад, сарнавишти эътирозҳои Укроин инҷо такрор мешавад. Баъзе вакилони Думаи давлатии Русия ҳаводиси Арманистонро дахолати ошкорои Амрико барои аз дӯстӣ бо Русия халос кардани ин кишвар донистаанд.
Ҳарчанд, ки гуфта мешавад, дирӯз президенти Арманистон -- Серж Саргсян барои эътирозгарон имтиёз қоил шудааст ва дастур дода, қарори боло бурдани ҳаққи нерӯи барқ ба баррасӣ гирифта шавад, вале сарчашмаҳои расмӣ ин дастури президентро таъйид накардаанд.

Эътирозгарон аз рӯзи аввал талаб доранд, президент Серж Саргсян бо онҳо дидор намояд. Ҳарчанд сардори пулиси Арманистон ба эътирозгарон пешниҳод карда, 5-6 нафарро барои вохӯрӣ бо президент пешбарӣ намоянд, вале муътаризон ин пешниҳодро рад намудаанд.

Баъзе аз пойгоҳҳои интенетии русӣ навиштаанд, баъзе аз эътирозгарон дар майдон парчамҳои Укроин ва Иттиҳоди Аврупоро боло бардоштаанд. Ба иттилои расонаҳо, ҳоло эътироз дар фазои ором ҷараён дорад ва то кунун ҳеч кадом бархӯрди хашини пулис мушоҳида нашудааст. Вакилони маҷлис ва ҳунармандони ин кишвар девори зиндаеро дар майдони эътироз ба вуҷуд овардаанд, то бархӯрд миёни эътирозгарон ва пулис сар назанад.

Рӯзи чаҳоршанбе баъзе аз фаъолони ин кишвар аз тамоми шаҳрвандон хостанд, ба майдонҳо бирезанд, то ҳукумат маҷбур шавад, қарори боло бурдани ҳаққи нерӯи барқро лағв кунад. Онҳо ҳамарӯза аз 2 соат дар хонаҳояшон барқро хомӯш менамоянд ва дигар таҷҳизоти электрикро кор намебаранд, то бад-ин роҳ ба ширкати “Шабакаҳои барқи Арманистон" хисорот ворид шавад. Қаблан, “Шабакаҳои барқи Арманистон" аз Комиссияи давлатии танзими хадамоти ҷамъиятӣ талаб карда буд, ҳаққи истифода нерӯи барқ боло бардорад ва маҳз ҳамин қарор боиси эътирозоти густарда шуд.

Сардори пулиси Арманистон -- Владимир Ғаспарониён гуфтааст, агар хосияти оромонаи ҳамоиши эътирозӣ ҳифз шавад, онҳо “бо истифода аз зӯр эътирозро пароканда намекунанд”. Рӯзи сешанбе аз ҷониби пулис бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳо 240 нафар, бо шумули рӯзноманигорон боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, 20 тани дигар дар ин эътирозҳо осеб дидаанд.

Ҳарчанд ба навиштаи расонаҳо то кунун руҳияи зидирусиягӣ дар майдони Баҳромиён эҳсос нашудааст, вале баъзе аз расонаҳои русӣ эътирози Ереванро кори Вазорати хориҷаи Амрико донистаанд. Пойгоҳи хабарии “Газета. ру” навиштааст, “ҳоло эътироз руҳияи зидирусиягӣ надорад, вале агар Маскав дар ҳаводиси сарзада фитнаи Вазорати хориҷаи ИМА-ро ҷустуҷӯ кунад ва бори дигар технологияҳои “инқилобҳои рангаро” фош намояд, метавонад вазъият тағйир хӯрад”.

Вале гуфта мешавад, Русия наметавонад дар қазияи Арманистон дахил нашавад, зеро Арманистон яке аз аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёст, ки онро як лоиҳаи сиёсии Русия медонанд. Аз ҷониби дигар агар Русия ба таври анъанавӣ ҷонибдории худро аз ҳукумати феълӣ изҳор намояд, метавонад миёни эътирозгарон ва ҳамин тавр дар ин кишвар обрӯ ва ҳайсияти худро аз даст бидиҳад.

Баъзе аз коршиносони ғарбӣ гуфтаанд, сабаи аслии эътироз на боло рафтани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, балки фаъолият ва сиёсати ношаффофи ҳукумат дар баробари шаҳрвандон мебошад. Онҳо гуфтаанд, боло бурдани ҳаққи истифода нерӯи барқ як баҳона барои садо баланд кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Арманистон батамом рад карда мешуд.


Чашмандозе ба ҳаводиси чанд рӯзи ахири Арманистон

Чашмандозе ба ҳаводиси чанд рӯзи ахири Арманистон

Чашмандозе ба ҳаводиси чанд рӯзи ахири Арманистон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)