Бахшҳо

Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ нашудем!

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Агар Ваҳдати миллӣ аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани дигар рақибон, фишор ба озодфикрон, талоши зери фармон даровардани расонаҳо, инҳисори дороиҳо ва сарватҳои Тоҷикистон, гуруҳӣ кардани тиҷорат ва соҳибкорӣ, наздик ба ду миллиён расидани лашкари муҳоҷирин бошад, пас дар мо Ваҳдат вуҷуд дорад. Агар чунин нест, пас мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ нашудем!

Вале таърифи Ваҳдат ҳам аз нигоҳи илмию фалсафӣ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ чизи дигар аст. Мо бо бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба ин натиҷа расидем, ки аз ин ки дар ду сангари як ҳадаф қарор дошта бошем, хубтар аст, ки ба ҳам биёем ва хеле зудтар ба ҳадафи асосӣ - рушд додан ва обод кардани Тоҷикистон бирасем. Номи ин рӯзро гузоштем Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аммо оё дар ҳақиқат ба Ваҳдати миллӣ даст ёфтем?

Тавре мушоҳида мешавад, Ваҳдати миллии мо бештар як лоиҳаи сиёсии намоишӣ буда, дар воқеият мо саргарми таҳкими Ваҳдат не, балки саргарми таҳким ва инҳисори қудрати сиёсӣ ҳастем. ҲНИТ як тарафи Ваҳдат эълон кард, ки баъд аз ин қадар фишору таъқиб ва таҳдидҳо, "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дигар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ надорад”. Агар ин изҳороти ҲНИТ ба маънои даст кашидан аз Ваҳдат бошад, бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Раванди ба сулҳ расидани тоҷикон дар замони тезу тунди қудратхоҳӣ ва манфиатдории неруҳо як падидаи беназир буд. Агар то замони даст ёфтан ба Ваҳдат танҳо худи Ваҳдат муҳим буд, акнун масъалаи арзишӣ ҳифзи Ваҳдат аст. Ҳоло аз ваҳдати намоишӣ расидан ба Ваҳдати миллӣ бар асоси шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва эҷоди давлати миллии ифодагари ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи ҷадид ва дарозмуддат муҳим ва зарур аст. Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ бояд шинохти давлатмардон ва қишри рӯшанфикри ҷомеа аз арзишҳо, суннатҳо ва асосҳову пояҳои фарҳанги миллӣ ҳаммонанд бошад ва он ҳамчун меъёри арзишӣ ва барномавӣ истифода шавад.

Ғояи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар сатҳи ормони миллӣ, имрӯз ғояест, ки сари он ҳеч кадом гуруҳи сиёсӣ ва фикрӣ ихтилофи назар надорад ва дошта наметавонад. Аз ин рӯ ба таври маснуъ татбиқ кардани ғояи Ваҳдати миллӣ дар бофтори ормони миллӣ бе шинохтан ва ба назар гирифтани арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худии тоҷикон кори дуруст намебошад. Аммо мушоҳида мешавад, ки Ваҳдат дар Тоҷикистон мунҳасир ба шахсиятҳо мешавад ва дар доираи қудрати сиёсӣ зӯро ба зӯр ҷой карда мешавад. Идеяи Ваҳдати миллӣ ва ё роҳкорҳои аз байн бурдани хатароти осебпазирии он бояд болотар аз манфиатҳои шахс, шахсиятҳо, қудрати сиёсӣ ва дигар гуруҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ бошад.

Ҳоло дар системаи фикрӣ ва марказҳои тадқиқотию донишгоҳӣ ва ҳамчунин дар сатҳи ҳукумати иҷроия барномаи миллатсозӣ ва ё ҳувияти миллӣ мушаххас нашудааст. Низоми давлатдорӣ ба сӯйи нохудогоҳ пеш бурда мешавад. Арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худи тоҷикон, ки дар густураи Ваҳдати миллӣ бисёр моҳиятнок ҳастанд, шинохта нашудаанд. Ношинохта мондани ин арзишҳои зинда ихтилофи фикриро натанҳо миёни гуруҳҳои сиёсӣ, балки миёни мардум ва қишрҳое, ки таркиби ҳувият ва худи тоҷиконро ташкил медиҳанд ба бор овардаст. Бояд ҳувиятҳое нозарур ва қолабие, ки барои шаклгири ҳувияти ягонаи миллӣ халал эҷод мекунанд, мушаххас шаванд ва барномаи хунсо кардани онҳо рӯйи кор оварда шавад. Масалан, ҳувиятҳои маҳаллие, ки имрӯз барғалат ба сифати ҳувияти миллӣ пешкаш мешаванд ва ё ҳувиятҳои фарҳангии собиқаву мурда ва аз таркиби арзишҳои зиндаи миллат берун, аз ҷониби бархе донишмандон ҳамчун роҳкори асосӣ ва барномаи тамомнамои миллӣ пешниҳод мешаванд.

Ваҳдати миллӣ замоне мешавад, ки хостаҳо ва манфиатҳои тамоми гуруҳҳои сиёсӣ бо шумули қудрати сиёсӣ дар он мунҳал гардад. Агар манфиатҳои қудрати сиёсӣ болотар аз арзишҳои Ваҳдати миллӣ қарор бигиранд, дар ин сурат Ваҳдат осебпазир мешавад. Ин як доктринаи илмии исобитшуда аст, ки манфиатҳои қудрати сиёсӣ набояд ба манфиатҳои умумимиллӣ мухолифат дошта бошанд ё болотар гузошта шаванд.

Агар шинохт аз Ваҳдат тағйир накунад ва аносири такмилкунандаи Ваҳдат дар эҷоди Тоҷикистони навин чун арзишҳои муҳим пазируфта нашаванд, марҳилаи тозае, ки барои Ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам шудааст, ба дарозо мекашад ва ҳатто номукин мегардад.
Мӯҳр
чамшед
Вокеан имрузхо барои мардуми Точикистон вахдати миллиро бо он тарзе ки буд фахмонда намешавад. Гуё барои расидан ба вахдати милли факат як тараф сахм дошту тарафи дигар чуз хато кори дигаре накарда буд. Тарики шабакаи якум ва сафина хизматхои як тарафро зебо нишон медиханд аммо заррае хам оиди хизматхои шахсиятхое ки вокеан барои расидан ба вахдати милли сахм гузоштанд сухан намеравад. Пас агар як тараф факат барои расидан ба вахдати милли сахм дошт пас ин чанги бародаркуш бо ки рух дод. Вокеан шахсоне хастанд ки манфиатхои худро болотар аз манфиатхои давлату миллат мемонанд ва мехоханд дар сахна танхо онохо бимонанду дигаронро ба хар рох сиёх карда аз байн баранд. Мо то имруз дарк накардем ки барои расидан ба вахдати милли хамаи шахвардони Точикистон кахрамонанд. Пас хама барои зиндагии шоиста доштан дар ин ватан хак доранд. Чаро бояд мухочирин кисмати зиёди хаёташонро берун аз хорич кишвар гузаронанд модоме ки дар сарконун суханхои зебое чун "ТоЧикистон давлати иЧтимои буда, барои Хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароХам меорад" навишта шудааст. Ё онхо хакки бо хамсару фарзандонашон хуш гузаронданро надоранд. Барои мо онхо то ин андоза бекадр шудаанд ки хар сол часади шумораи зиеди онхо ба ватан фиристода мешаванд аммо хатто калбамон он чунон кухи сангин сахт шудааст ки хатто ашки чашм хам намекунем. Худоё мухочирини моро ба ватан ба сари баланд бар гардон. Умедворам рузе мерасад ки чумлахои зебои дар Сарконун навишта барои хамаи миллати точик амали мешаванду мо зиндагии шоистаамонро дармеёбем.

мадина
РОСТ!!!!!!!!!!!
АХСАН!!!!!!!!!!!
БА ЧО!!!!!!!!!!

Офарин Иршод. Вокеъан масъалаи мухим имруз хифзи Вахдати милли, якпорчагии кишвар ва иттиходи мардуми аст. Дастат дард накунад. Хеле пешрафт кардаи Иршодчон.

Иршод, маколахои нодуруст нанависед. Мо ба Вахдатсози муваффак шудем !!! Иршод бо чашм ва назари нек нигох кунед баъд мефахмед бо ба вахдатсози муваффак шедем е не? Сулх, тинчи, ороми, пешравии иктисодиёт ин вахдат аст. Боз вахдат чи хел мешудаст, ман нафахмидам. Саркуб намудани хоинони ватан ин вазифаи давлат аст. Мо намехохем ба солхоли 90-и асри 20 баргардем. Саркуб ва безарар намудани душманони миллат ин вазифаи давлат дар симои макомотхои давлати аст. Ин вазифахо аз Конститутсияи Чумхурии Точикистон бармеоянд. Як бор моддаи 14 Конститутсияро хонед, баъд мефахмед

БА СУЛАЙМОН...
ШУМО ХАМОН ПАРАГРАФИ АВВАЛИ МАКОЛАРО ЯГОН ПАНЧ ШАШ БОР ХОНЕН БАЪД МЕФАХМЕН КИ ЧИХЕЛИ ВАХДАТРО МО ДАР НАЗАР ДОРЕМ... КАНИ ПЕШРАВИ????? ТИНЧИЮ ОРОМИ АЗ РУИ ТАРС АСТ АЗ РУИ БЕГАЙРАТИСТ... МАРДУМ АЗ МАКОМОТ МЕТАРСАД КАМБУДИРО НАМЕГУЯД.. БА КАВЛИ МАРДУМ "САРИ КАФИДА ТАГИ ТОКИ БЕХТАР" ГУФТА ШИШТААСТ.
ЯК БОР БА ТУРКИЯ ВА ДИГАР ДАВЛАТХО САФАР КУНЕД БАЪД МЕФАХМЕД КИ ПЕШРАВИ ЧИСТ ВА ЧИ ХЕЛ БОЯД БОШАД..

Иршод Сулаймони аз он афроде хаст, ки худро дар чомеа ба неки дарнаёфт, аз ин лихоз бояд минбаъд аз дури истиода санг занад ва ба ин васила шумори кафторхоро (гиена) зиёд кунад.
Озодагон, аввал фильтрш кн, баъд бмонш! Бо икаша бурида кн....

2141
То замоне, ки ачнабиёни мансабталоши точикбадбини игвогари макомот аз вазифахои нолоикашон дафъ нашаванд, точик ба вахдат намерасад.

карим
Офарин барадар хак гуфти!

Ба Алиахмад. Вакте буд, ки нон намеёфти бихури, як дакика ором зиндаги куни, аз тарс ба ягон чор рафта наметавонисти, ба ёдат нест? Давлати Точикистон то соли 2008 вазъи сиёси ва чамъиятиро ба эътидол овард.ба ибораи дигар вахдати вокеиро амали намуд. Баъд аз соли 2008 ба рушди иктисодиёти кишвар даст зад. Точикистон холо хеле чавон аст. аз соли 2008 то хол 7 сол сипари гаштааст. Дар ин муддат пешравихои зиёд шудааст. Туркия ва Амрикоро мисол меори. Онхо хам дар давоми 7-10 сол ба ин дарачаи нарасиданд. Ба ин дарача баъди 50-100 сол расиданд. Точикистро мо обод мекунем, на ин ки хоричихо. Агар хунаре дори, барои ободии ватан сарф кун, на ин ки фитнаандози кардан

Э дар забонт чонм брат неки мужики вокеи хдт бдай. Хами хел мужикои нотарс як дах биста боша мо хамон ВАХДАТе, ки хами БАРОДА дар назар дора месоземш. Ахсан Офарин! Худованд забони хакгуи тра бародар нигох дора!

Офарин бародари азиз! Бисёр маколаи хубу пурмаъни. Бисёрихо аз руи тарсу бе фахми ва бесаводи ки гайр аз кишлоку хонаи худ чизеро надидаанд, хар гуна сафсатахо гуфта замони чанги шахрвандиро пеши назари мардум то хол меоранд. Ин нодуруст аст. 2- грухи мансабхох хостанки ба сари кудрат оянду курсихоро байни худ таксим кунанд. Ин ду гурух байни худ чангу ошуб бардошт. Кадоме аз ин гурух сарикудрат ояд худ пас аз нест кардану бо фиреб пароканда кардани грухи дигар, бояд оромиро чори мекард. Ин ду гурухи мансабхох байни худ сулх карданд. Бояд, ки дар якчояги кор мекарданд, аммо гурухе ки холо кудрат дар дасти онхост, гурухи дигарро бо пураги нест кард. Магар ин вахдат аст? Агар онхо бо хам кор мекарданд холо вазъият дигар буду наглость то авчи боло намерафт. Офарин озодагон друст кайд кардед.

амр
то он даме ки дар байни точикон махачиги вучуд дорад ,вахдат дар точикистон намешавад, касалии асосии халки точик ин махалчиги ва корупция хаст ,ки он метавонад халки точикро аз байн бибарад, мо бояд ин касалиро табобат кунем,

Салмон
Ба Сулаймон. Иршод х,ак,ик,атро навиштааст ва он хеле талх ва сахтрас аст. Конститутсияи мо хеле хуб аст , аммо дар аксари х,олатх,о талаботи он аз тарафи мансабдорони болои давлати риоя намешавд , хусусан моддаи 14.

Саволи ман ба Иршод СУЛАЙМОНӢ ???? Худат кудаки дуруза барои расидан ба вахдати комили милли чи кор кардаи ?? Чи кадар дар навбати нон истдабуди ва чанд касро аз гуруснаги начот доди ??? ёд дори падару модарон ва ёру бародаронро барои як бурда нон мепаронданд??? Дар он вакт ба фикрам худат буи сиба мекарди ? Ба чои игвоандози кардан дар байни мардум хубаш барои чомеа як коре кун, ки аз он манфиати иктисодию ичтимои ба чомеа бурда шавад. То кай маколахои хушку холи менависи ?? Ин макола гайримутахассисиатро нишон медихад. То вакте, ки дар чомеа чунин игвогарон ва шурандозон мавчудаст чомеа наметавонад пеш равад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)