Бахшҳо

Пешниҳоди “Аргументы и факты” барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон

Нашрияи русии “Аргументы и факты” бо нашри матлбе аз мақомоти Русия хостааст, миёни ин кишвар ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми раводид ё виза ҷорӣ кунад.

Ин нашрия навишта, баъд аз боздиди хабарнигораш аз Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки миёни Русия ва Тоҷикистон ҳатман бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Чун ба назари нашрия танҳо бо ин роҳ метавон бозори нерӯи кори худро ҳифз карда, ба осонӣ садди роҳи қочоқбарони маводи мухаддир шуд.

Ба назари муаллифи матлаби “Аргументы и факты”, ҳар чанд дар пайи беқурбшавии рубли русӣ аксари муҷоҳирони тоҷик қаламрави Русияро ба қасди Тоҷикистон тарк кардаанд, вале ин муваққатӣ буда, дубора бархоҳанд гашт: “Чун дар Ватани худ ҳеч гуна ҷойи коре пайдо нахоҳанд кард”.

Рӯзноманигори рус таъкид кардааст, дар Тоҷикистон пули аз ҳама маъруф рубли русӣ асту дар тамоми лавҳаи ширкатҳои туристӣ “Барои берун кардани номи шумо аз руйхати “сиёҳ”-и Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия кумак мекунем, Вуруд ба Русия - мушкиле нест! Ва нишонаҳои “депортация”-ро аз шиносномаҳои Шумо тоза хоҳем кард”, навишта шудааст.

Дар ин матлаби “Аргументы и факты”, ки “Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж “АиФ” из Таджикистана” (Кишвари муҳоҷирон. Гузориши вижаи “АиФ” аз Тоҷикистон) ном дорад, гуфта мешавад, ки аз сабаби камбағал будани давлат тамоми ҳамсоякишвар, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Қазоқистон ва Эрон бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанду касе майли роҳ додани шаҳрванди ин давлати фақир ба қаламрави худро надорад: “Дар ҳоле ки онҳо метавонанд, бидуни мушкиле ба Русия роҳ ёбанд”.

Муаллифи матлаб мегӯяд, ӯ ҳарчанд тоҷиконро эҳтиром мекунаду ҳамчун як мардуми меҳмоннавоз мешиносад, вале Русия бояд бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кунад: “Мардуми меҳмоннавозанду русҳоро хуб истиқбол мегиранд ва рафиқоне, ки дар ҳавопаймо бо ҳам шинос шудем, маро аз фурудгоҳ ду бор бе пул бо мошини худ бурданд. Вале юнониҳо низ моро дӯст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роҳ намедиҳанд”.
Мӯҳр
вали
Чори кунед раводидро мо хам аз шумо безор хастем 90 сол мо русия гуфтем думашро махкам капидем инхо моро намехохад кош германия соли 1945 галаба мекард афсус....!

Точик
Ин посухи русхо ба хукуматдорони бечораву лагндбардори точик аст, ки обруи миллатро бурданд. Шарманда то ин хад мешавад ки шарики стратеги гуфта дод мезанеду бо ин маколахо тахкир кунанд. Агар барои мансабхоятон метарсед акаллан чойро холи кунед ки як одам сари кор омада обруи точикро баргадонад.

Таджик
Ха Курнамаке чашмонат кур шаванд ха гушонатон кар шаванде ха пойхоятон шал шаванде барои хамин омади Точикистон

эмин
агар руссия хамин осиеи марказиро хамчун хатар барои худ пазирад ва боз сару садохоро вобаста ба чори кардани виза бардорад. вой бар холаш. бас будагист ин кадар худхохи.

Миллатгаро
Бигзор ҷорӣ кунанд ва бигзор низомиёни русро ҳам бароранд ё бе раводид намонанд ва умуман, бигзор мо Чинро шарики стратегӣ бигирему аз руссҳои алкаш рутобем. Ҳарчанд медонам ки ин кор намешавад ва худи кремлин инро мефаҳмад. Вале ҳамаи инро чун ҷавоб ба мақолаи ин руссаги "Аргументы и Факты" ҳамчун ҷавобнома навиштам. Озодагон озода бош, чун Ман душманам ба ҳарчи ғуломиву бандагист!!!

Ku vazorati korhoi horijii JT binem ku chi javob meten i kasofatoda? Ku yak mahorati koritona nishon tien ku, kani ha.

Шмо Хато Мекнен Хабарнигор.Шморо Халки Точик Дуст Намедоран Илоч Надоран Дар Расияа Коркардесан Камтар Давлати Точикистон Пешбрава Хичка Дар Расия Наместа

Наср
Ин журниалист аз кучо маълумотро гирифтааст, ки барои точикон вуруд ба Казокистостону Киргизистон бо виза аст? бо узбекистон визаи дутарафа аст. Бо Эрон хди точикистон хостгори бе виза кардан нест! Хамаи фактхояш гаразнок мебошанд. Садкаи мехмоннавози ва мехру мухаббати самимонаи точикон шави курнамак!

Вой войе
Вой вой войййееее Ин кадар сахт ба базехо расид, ки гуфтан виза чори кунед!! Рост мегуяд мардак!! БАС ГУЛОМ БУДАН!! ТО КАЙ ТОЧИКУ ГУЛОМИ БЕХУКУК, ИФЛОС, БЕСАВОД СИНОНИМ МЕМОНАД??!!??То кай гуломи мекунед?! Дар ватани худ кор куне!

БАРОДАРО ГАП ДАР ЧОРИ КАРДАНИ ВИЗА НЕСТ. ШУМО ЯК БОР МАКОЛАИ ГАЗЕТШОНА ХОНЕН ЧИ НАВИСТАГИЯН И КАСОФАТО.ХУДИ САРЛАВХАША БИНЕН "СТРАНА ГАСТАРБАЙТЕРОВ " БАРОИ ХАМИН ВКХ ЧТ БОЯД ЯК ЧАВОБИ ЧИДДИ НАВИСА.

акбар с
Ман солхо боз аиф ро мехонам. Аммо якум маротиба аст, ки мебинам он чунин маколаи гайрикасбиву беадабона навиштаст. Дуругхояш хисоб надорад. Точикистон бокиргизистон виза дорад?пули аз хама машхур рубл аст? Эълони аз хама зиед барои аз депортация рахо кардан?

Аличон Муродов
Господин Зотов. У таджиков есть такая поговорка "пусть наш хлеб сделает тебя слепым" и мы тебя тоже хотим сказать этого. Да, Таджикистан бедная страна, потому что мы верили в русских в течение 70 лет, то есть в времена СССР, когда все что имели поделили со всеми, даже с русскими... но судьба так распределилась что пока мы бедные, но это так не остаесться и будут перемены... но твои слова остаются... думай об этом...

Точик
То даме ки хамин мансабдорони мо хастанд точик тахкир мешаваду аз пули налоги точик ки мачбури ба мансабдорон месупорад, генералхои русро мансабдорони мо шикамкалон мекунанду мансабхоро бо шаш дандон капида меистанд

Шахрванд
Хай ин нуктаи назари як рус хаст вале ЭЙ ТОЧИКОНИ РУС ПАРАСТ бинед ки инхо ба мо чи гуна рафтор доранд Ба Худо касам чени ин халк дар дунё Нацист НЕСТ хатто олмонихо ба мисли ин русхои гажотпараст нестанд.
Инчо 100% айби анахамин Хукумати Точикистон аст. Б

201-див ложки,крушки ноги в карман давай досвиданния.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)