Бахшҳо

“Позорная победа”-и Қазоқистон бар тими Тоҷикистон

Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии 8-умин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими мунтахаби ҷавонони Қазоқистон шикаст хурд.

Ин бозӣ, ки 25 июн дар пойтахти Қазоқистон -- шаҳри Остона доир шуд, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голи нахустинро дар дақиқаи 26-уми бозӣ Рамз Амрохонов, бозингари тими миллии Тоҷикистон ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. Ду голи ҷониби Қазоқистонро бошад дар дақиқаҳои иловагӣ бозингарон-Бортай дар дақиқаи 40+2 ва Таласбоев дар дақиқаи 80+7 ба ҳадаф расонданд.

Тими Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, баъди бохт аз тими мизбонон, аз идомаи рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон ва мукофоти молӣ маҳрум гашт. Анваршо Мирзоев роҳбари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) сабаби бохти тимашро ба хатоии доварон рабт дода гуфтааст: “Тими наврасони кишвар то охирин лаҳза рақобат карданд. Онҳо ҳамаи он дастуре, ки мураббӣ дода буд, иҷро карданд. Мутаассифона дар охир бо хатогии довар мо бозиро бохтем”.

Федератсия футболи Тоҷикистон низ мегӯяд Тоҷикистон дар пайи иштибоҳи довар-Ҳалимҷон Кенҷалинов бозиро бо Қазоқистон бохт: “Тӯби ёздаҳметрие, ки дар дақиқаҳои охири даври дуюми бозӣ аз ҷониби довар беасос бар тими Қазоқистон дода шуд, боиси тағйири натиҷаҳо гашт. Ин хатоии довари майдон баҳсҳои зиёдеро миёни мутахассисони футбол ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард”.

Ҳамин тариқ дар даври финалии мусобиқоти Ҷоми президенти Қазоқистон тимҳои Испания – Озарбойҷон, барои дарёфти ҷойи сеюм Қазоқистон ва Гурҷистон рақобат хоҳанд кард. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозии рӯзи 25-уми июн ба ҷои Қазоқистон бояд тими Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо тими Гурҷистон қувваозмоӣ мекард. Аммо феълан Тоҷикистон танҳо барои дарёфти ҷойи 5-ум бо тими Русия рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маъруфи Қазоқистон дар умури варзиш ғолибияти тими миллиашонро бар Тоҷикистон “позорная победа” унвон карда, зарбаи 11 метрии таъинкардаи доварро беасос хонданд.
Мӯҳр
Ээ хами хайрият доварам хаст, бахонаи шумо хам хаст. Агар довар намешуд чиро айбдор мекардед?

Панчакенти
Бахонаи ракосаи гузини нони чавин мегуянд.........Бахонаи мо бошад як умр доварон.........Ээхх мемурен бозингаронро аз руи тагобози неву аз руи хакикату инсоф гиред Тагахооо......!!!!!!!!!

Ситам
Бахонаи шахси айбдор..... нони чавист!

Бахонаи шахси айбдор..... нони чавист!

Анвар
Ба монанди хамин ватандустон ба мисли Салиму,Панчакентиву,Ситам бисёранд.Хамин хел агар мухлиси кардан гиранд аз рушон безор. Ман хам як масал мегум:Саг мечака корвон рафтан мегирад.Мо рафтан мегирем!

Барои фош кардани гапхои нодурусти шумо-агар хохед ман навори бозиро пешкаш мекунам.Шумо секаса ба гиряхои бачахои тим намеарзед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)