Бахшҳо
26 июн 2015 15:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тоҳомуҳаммадӣ: Тоҷикистониҳо худро порае аз тани Эрони бузург медонанд

Намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадони Эрон гуфтааст, тоҷикистониҳо худро пораи тани Эрони бузург медонанд.

Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ, намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадон пас аз сафар дар садри як ҳайат аз вилояти Хатлон гуфтааст, мардуми Тоҷикистон худро як пораи тани Эрони бузург медонанд: “Ҳарчанд 70 сол зери султаи комунист будан таъсири худро барҷой гузошта, аммо ҳанӯз расм ва ақидаҳои динии худро фаромӯш накардаанд”.

Намояндаи Вилояти фақеҳ, як ниҳоди низоми исломии Эрон ба хабаргузории “Форс” гуфтааст, кишвараш метавонад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд ва ҳам пайёми Исломро тарвиҷ кунад. Вай бо ишора ба забони форсӣ ҳамчун омили муштараки мардуми ин ду кишвар афзудааст, “мардуми Тоҷикистон ба Эрон ва Имом алоқаманд ҳастанд ва давлати Эрон метавонад дар ин роҳ равобити байналмилалии хуб эҷод кунад ва кишварерро, ки ба Эрон гароиш дорад, аз кишварҳои куфр наҷот диҳад”.

Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ ва ҳайате аз Эрон зимни сафар аз Тоҷикистон аз маҳалли дафни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, яке аз чеҳраҳои олами Ирфон низ дидан кардааст. Дар тавсиф аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Тоҳомуҳаммадӣ гуфта, “ӯ як дунёи покӣ, ҳимматбаланд, иродаи хастанопазир, арзишҳои илоҳӣ, мардумдӯстӣ ва хидмат ба мардумро дар худ ҷамъ карда буд”.

Ин намояндаи Вилояти фақеҳ бо ишора ба ин ки сафири Эрон дар Душанбе аз аҳли вилояти Ҳамадони Эрон аст, зикр намуда, “дар он ҷо лозим буд, бо шахсиятҳои динии Тоҷкистон, чеҳраҳои сиёсӣ монанди намояндагони маҷлис, устондорон ва сармоягузорон, иртибот барқарор шавад, ки ин иттифоқ ба хубӣ рух дод”.
Мӯҳр
Хонанада
Метарсам, ки ҳамаро шеа мекунанд!

ДАФШАВЕД АЗ КУЛОБ ШИИТИ !

Бале мо то кунун расм ва акидаи динии худро гум накардаем,лекин шумхо Эронихои шиа мехохед Точикистонихои азизи моро ба дини ботил ва ширковари худ табдил дихед.

ozodagoni muhtaram! аз ирониҳо муроқиб бош! торих исбот хоҳад кард шумо восита шуден ирон даркишвар нуфус кунадд

Мо миллати сарбаланди точик пораи ягон давлате нестем мо озод мустакил ва ягонаем. Мо асли хеш ро хеч гох гум накардаем ва нахохем кард.

аз хама наздиктарин кадрдонтарин барои точикон ирни бузург аст аз арау турку мачуси дида зинда бод дустии ерону точик

фабрикаи чавоб
дар точикистон мутасифона ягон хабаргузори хусуси нетски вакат дарбораи ватану милати точик хизмат кунад *озоди* аз Амерка озодагон аз ирон хаст *

Бародар бехудаву бахуда каментарияхои бемаъне нанависед илтимос. Ë шумо Точик нестен ë таърихи кадимаи худро намедонед. Мардуми Эрону Афгонистону Точикистон як миллатанд ва то абад як миллат хоханд монд. Баъзеатон худро Мусулмон мегиреду бо забон худро пок мегиред лек дар амал хеч на саводи Исломи дореду на саводи дунëи факат гайбату киннагири, мусулмониатон хеч маълум нест. Боз аз мазхаб харф мезанед. Илтимос биëед ба хар мазхабхои дигар кор нагирем хар кадомиамон намозакои худро хонему ба мазхабу ба давлатдори кор нагирем . Хамаи чангхои мусулмонон аз руи хамин кунчоковию ношукри сар мезанад. Алхамдулиллох хамамон Худованди якаву ягонаро парастиш мекунем. Ва Мо мардуми Точикистон алхамдулиллох умматони Мухаммад Мустафо с.а.с хастем. Ва шахсан ман аз мусулмон буданам ва аз уммати Паëмбари бузург Мухаммади Мустафо С.А.С ва аз хуни Форс буданам ифтихор мекунам, ва вактеки аз пешравии Эрону Афгонистон шунавам бисëр хурсанд мешавам чунки мо як мардумем ва то абад хохем монд. Пешравии Эрону Афгонистон пешравии Точикистон аст. Зинда бод Мардуми Форс.

Кадом шахсе ки зиди Эрон каментария навиштаед ë узбакен ë бесавод. Эрон ин Точикистону Афгонистон аст. Мо хамдин хамхун хамфарханг ва хамзабонем. Зур назанен душмано Ориëием мо!!!

Гапхои бо мантик занед. Точикон бо Иронихо дуст бародар хастанд

Бигзор. Равияи Худашро барад. Шумо як чизро намедонед, душманхо
Пайдо шудааст,ки моро чудо карданиян. Бигзор Душман Лакидан гирад
Мо дуст хастем

Bbbbb
Хови дустам камтар хаминхел рафтан гирад пас эълон мекунанд ки ачдодонатон шиъа буданд бояд ба аслатон баргардед

Гиёсиддини эрони!!! Мо мардуми точик худро порае аз ачдодони точик мепиндоранд на аз эрону афгон. Мо халки бузурги точикем ачдодонамон ин ориёно-точикоянд. Мо фарханги алохилаи худро дорему доштем мисли Рудакию Лоик. Мо точикистонихо худро пайравони малика Томирису салтанати Сомониён мепиндорем, на эрону афгону араб!!! Мо таьриху фарханги худро дорем. Точикистон зинда бод!!!Хонанада,

Тарвичи дин гуфтаст. Кадом дин? Дини шиа? Дине ки мегуяд:"баъди вафоти пайгамбар хама сахобагон муртад (кофир) шуданд гайри се нафар"...

mushojir
Ой мардум бахуд биеен чаро инкадар бадбинед нисбати нисбати бародари худ .ое паембар с.а.с.на гуфта ки мусулмон бародари мусулмон.ое нагуфта ки забони форси забони ахли бихишт салмони форсро фаромуш кардед.ягона давлате ки бо исроил муковимат дорад..биеед ки шиамазхаб бошанд серавно мусулмонанд ку...

FORS,Мурочиат ба шаррохФорс.
FORS,
Кош кулли мардуми шарифи Точикистон хамчу Шумо Форс бомаърифату Худошинос мебуданд.Рахмати Худованд бар Шумо мухтарам мумин.Барои бомаърифат шудани чавонон адабиёти ниёгонамон ва махсусан китобхои Мавлоно Румй ,Аттор,Мухаммад Газзолиро бояд хонд.Албатта Куръонрохам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)