Бахшҳо
26 июн 2015 17:44Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Кока-кола" дар Тоҷикистон фаъолиятро шуруъ мекунад

Бахшида ба ҷашни 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корхонаи истеҳсоли “Кока-кола” дар шаҳри Душанбе фаъолиятро оғоз хоҳад кард.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, маросими ифтитоҳи ин корхона бо ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдорӣ пойтахт шоми 26 июн баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсоли ин корхона 100 миллион литр нӯшокӣ дар як сол мебошаду он бар ивази 299 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 18 ҳазору 500 метри мураббаъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт бунёд шуда, 120 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аснои нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли Кока-кола дар пойтахти кишвар дар ахирҳои охирҳои соли 2015 хабар дода буд.

Ӯ гуфт, корхонаи мазкур дар мавзеи мавсум ба Политехникуми шаҳри Душанбе дар ҷои собиқ заводи арматура бунёд хоҳад шуду сохтмони корхона дар ду марҳила ҷараён мегирад: “Марҳилаи аввал бо ҷалби 20 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо ҷалби 30 миллион доллар анҷом шуда, дар марҳилаи аввал 200 ҷои корӣ ва дар марҳилаи дуюм ташкил шудани то 500 ҷои корӣ дар назар аст”.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ин корхона метавонад дар давоми фаъолияти худ ба буҷаи кишвар то 15 миллион сомонӣ фоида биёрад: “Истеҳсоли солонаи он 5 миллион литр нушокии ғайриспиртӣ мебошад”. Қодири Қосим он замон таъкид карда буд, “бунёди корхонаи Кока-кола, ки яке аз брендҳои машҳури ҷаҳон аст, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро барои ҷалби сармоя бештар хоҳад кард”.
Мӯҳр
патриот
Сармоягузори бехтарин Зайд Саидов буд окибаташ маьлум

Рустам
Хуб мешуд, ки номашро дишар мекарданд, чунки аз руи баъзе гуфтахо, кока коларо аз тарафи пушташ хонед тахкири номиАллох ва Паёмбар САС мебошад. Ин навиштачотро яхудихо омода кардаанд.

ба рустам: бародар рустам сафсата нагуй, соса як номи одди аст ва нушокиро муарриыи мекунад, гапа тоб дода тарафи бесаводию бемаьниги набаред, илтимос!
120 точик сохиби чойи кору буча даромад мегирад, инашба хурсанд шавед, аз барои савоб!!!!!

Истиклол
Чавоб ба Рустам, хамин худуш енда шогирди Шайх Темур набоша

Панчакенти
Чавоб ба Рустами бесаводу рафикони монанд ба у....... Даъво мекунед ки корхонаву истехсолот дар мо ру ба афзоиш нест......агар заводакеву фабрикае кушода шавад сад гапи дигар мебофед........Шахрдори Душанбе Махмасаид кори хубе кардааст.......Шумо бошед гапро боз ба хазрати Мухаммаду осмони хафтум мебаред!!!! Рустам ,ту ки саводи кофие надори ба хазратхову Яхудихо чикор дори...........Бузурге гуфтааст:Гирди номи падар чи мегарди, Падари хеш бош агар марди!......Домони хазратхоро сар дода ба дунёи нав хамрох шав Рустами чуун....фахмооооо!!!!!!

Як заводи нави RC Cola бояд дар ш.Душанбе кушода мешуд мохим май. Ин чи шуд ки Оби Зулол ин кадар дер карду ин КоКа Кола тезтар заводаша дар Душанбе кушод. Меган сохибои Оби Зулол гурехтиян карздорхо кофта гаштиян ин кадар об мефурушану боз карздор, значит двойной учет доштиян ки ай капи ин макомот дар гурез шудиян

ташна,
лаби об ташна мебаран боз ташна мебиеран. шухи накун, лубой фурка грузит мекнан.холи хами кокашам хамин хел меша. енды хамаш ай худушай.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)