Бахшҳо
30 июн 2015 11:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Г. Келдӣ дар бораи гаронӣ, андози хилофи супориши президент ва бехонагии адибони ҷавон

Гулназар Келдӣ, шоири маъруфи тоҷик имрӯз, 30-юми июн дар 14-умин Анҷумани вакилони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз гаронии нархи китобҳою андозҳои хилофи супориши президент интиқод карда, ҳушдор дод, ки 15-20 сол пас дар Душанбе шоиру нависандаи номбардоре ёфт нахоҳад шуд.

Келдӣ супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дастрас кардани нархи китобҳо дар кишварро зикр карда, афзуд, ки бо вуҷуди дастури раисиҷумҳур феълан китобҳои тозанашр дар кишвар нархи гарон доранд. Шоири маъруф яке аз омилҳои гаронии нархи китобҳои тозанашрро дар кишвар ҷорӣ намудани андоз аз чопи китобҳо хонд.

Гулназар Келдӣ дар баробари пешниҳодаш барои дастрас кардани нархи китобҳо барои хонандагон инчунин масъалаи таъмини адибони ҷавонро бо манзили зист ба миён гузошт. Ӯ мегӯяд, феълан адибони ҷавони бомаҳорат баъди як-ду соли хатми донишгоҳ ба далели камбуди ҷои зист ба зодгоҳашон бармегарданд ва муҳити танги адабии макони онҳо монеаи рушдашон мешавад. Ӯ ҳушдор дод, ки агар ин раванд идома ёбад, 15-20 сол пас дар Душанбе шоиру нависандаи номбардоре ёфт нахоҳад шуд.

Анҷумани 14-умини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон феълан дар толори театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе ҷараён дорад ва қарор аст, ки дар ҷараёни он раҳбари нави ин ниҳод интихоб шавад.
Мӯҳр
Инсоф
Илтимос, биёед мардумро озор надиҳед, нависандаву шоирони мӯҳтарам.
80 фоизи кормандони давлатӣ бехонаанд, аз дастгоҳи президент то кумитаи экологияву хадамотҳои санитариву бойторӣ. Аввал ин армияро бо хона бояд таъмин кунед, ки давлат аз байн наравад. Ин давлат аз даст, ки рафт шеъру ҳикояҳои шуморо боди хазон хоҳад хонд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)