“Подстава”-и номуваффақи ронандаи “Мерседес” аз ҷониби сержант
Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар аз боздошти сержанти яке аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, ин хизматчии ҳарбӣ дар пайи як амалиёти кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин сержант, ки дар яке аз сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа мекунад, аз рӯи хусумати шахсӣ мехостааст, ронандаи сабукрави ”Мерседес-бенс”-ро кормандони мақомот боздошт кунанд: “Бо ин мақсад, ӯ як бастаи ҳомили маводи нашъаовар ва 24 дона тири қутраш 5,45 мм-иро дар автомашинаи шаҳрванд пинҳон намуда, сипас ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи телефон хабар медиҳад”.
Манбаъ мегӯяд, бар асоси хулосаи мутахассисон, тирҳо ҷангӣ буда, коршоям мебошанд: “Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |