Бахшҳо

Достиев ба ҷои Низом Қосим ба парлумон рафт

Миралӣ Достиев Гургакович, директори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҷои Низом Қосим аз сӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон вакили парлумон интихоб шудааст.

Тавре аз ҲХДТ хабар доданд, Достиев бидуни баргузории интихобот аз рӯйи феҳристи ҷумҳуриявии ин ҳизб вориди парлумон шудааст. Ваколати вакилии Низом Қосим, ки дар интихоботи парлумонии якуми марти Тоҷикистон аз рӯйхати ҷумҳуриявии ҲХДТ соҳиби курсӣ шуд, бо сабаби раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуданаш, пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Миралӣ Достиев 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси солист-вокалист, овозхони опера хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси солист-вокалисти Ансамбли тарона ва рақси “Бунафша”-и ноҳияи собиқ Совет оғоз карда, минбаъд аввал солист-вокалист ва баъдтар директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва солҳои 2006-2013 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб дар вазифаи директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ фаъолият дорад. Бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” ва унвонҳои дигари давлатӣ қадршиносӣ шудааст.
Мӯҳр
шоир
О мегуфтанд, ки Иттифоки нависандагон созмони чамъиятист. Агар чунин аст, Низом чаро бояд аз бо ном депутати равад? Пас е ИН созмони чамъияти нест, е Низом Косим депутат))

Бахром
Касби достиев дар парлумон чи рабт дошта бошад, ё дар вактхои холиги дар парлумон опера мехонад. Ачаб давлате

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)