Бахшҳо
01 июл 2015 14:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Гармои шадиди Осиёи Марказӣ: Ҳалокати кӯдакон дар Тоҷикистон ва гармии рекордӣ дар Ашқобод

Таҳияи Иршод СУЛАЙМОНӢ

Обуҳавошиносон аз гармои бесобиқаи ҳаво, ки имсол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида шудааст, нигаронӣ намуда, эҳтимоли боло рафтани онро дар моҳи июл бисёр зиёд донистаанд. 30 июн агар дар Ашқобод дамои ҳаво баробар ба 47 дараҷа шуда бошад, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳалокати кӯдакон бар асари гармои шадид рух додааст.

Дар ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Бохтар ду кӯдаки ширхора аз гармии зиёд бемор шуда, дар бемористони ин минтақа вафот кардаанд. Хуруҷи бемориҳо дар байни кӯдакон дар ҳолест, ки Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз волидони онҳо қотеъона хоста буд, бачаҳоро дар хона нигаҳ доранд ва бештар об диҳанд. Ҳарорати ҳаво дар ҷануби Тоҷикистон то 42 дараҷа ва дар минтақаи гармтарини он -- Айваҷ ба беш аз 52 дараҷа баробар шудааст.

Пойгоҳи интернетии infoabad.com. иттилоъ додааст, гармии бесобиқа дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Туркманистон ва Узбакистон ҳанӯз аз моҳи июн оғоз шуд. Ба иттилои ин пойгоҳ ҳоло дар баъзе манотиқи аҳолинишини Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дамои ҳаво аз 40 дараҷа болотар аст ва гуфта мешавад, боз дараҷаи гармо болотар ҳам меравад.

Ҳамчунин бар асараи гармии аз меъёр зиёд ду рӯзи ахир дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 30 кӯдак дар бемористони марказии вилояти Хатлон бистарӣ шуда, даҳҳо тани дигар ба пизишкон муроҷиат кардаанд. Ҳакимшо Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони ба номи Бӯри Воҳидови вилояти Хатлон рӯзи 29 июн бо тасдиқи ин хабар ба “Озодӣ” гуфтаааст, "ҳоло 30 кӯдаке, ки дар натиҷаи гармоӣ ҳаво бемор шуда ва ба бемористон мунтақил ёфтаанд, таҳти назорати пизишкон қарор доранд".

Обуҳавошиносон аз гармои бесобиқа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода, мегӯянд, имсол ҳолати “афсурдагии ҳароратӣ” мушоҳида мешавад. Ба назари мутахассисон “афсурдагии ҳароратӣ” ҳолатест, ҳарорати ҳаво дар қисмати поёни атмосфера болотар аз атрофи тропосфера мебошад, ки дар натиҷа гармшавии сатҳи замин ба вуҷуд меояд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гармии аз ҳама бештар дар Туркманистон ба назар мерасидааст. Дар ин кишвар ҳанӯз дар оғози моҳи июн дамои ҳаво дар минтақаи Ербенте то +43 дараҷа ва дар мавзеҳои Берекете, Сиржарёрдарё ва Теджене мутаносибан аз +42 то +43,2 ва +43 дараҷа мушоҳида шудааст.
Дар Ашқобод ҳанӯз дар оғози моҳи июн дараҷаи рекордии ҳаво мушоҳида шуда, 1-2-юми моҳи июн мутаносибан 42 ва 42.3 дараҷа ҳаво гарм шудааст, ки гуфта мешавад дар 124 соли ахир (аз замони оғози обуҳавошиносӣ, аз соли 1981) бесобиқа будааст.

Дар ин шаҳр 12 июн дамои ҳаво ба +44,4 дараҷа баробар шуда, ки чунин гармӣ дар 12 июни 1937 низ мушоҳида шуда будааст. То ин муддат гармтарин дараҷаи ҳаво дар ин кишвар дар соли 1970 ба қайд расида будааст, ки баробар +42.0 буда.

Дирӯз, 30 июн гармии ҳаво дар Ашқобод ба дараҷаи рекордӣ расида, обуҳавошиносон – 47,2 дараҷаро мушоҳида кардаанд, ки ин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳои бодуҳавошиносӣ нахустин натиҷа будааст.
Боду ҳавошиносон гуфтаанд, эҳтимоли мушоҳида шудани натиҷаҳои рекордӣ дар аввали моҳи июл зиёдтар аст. Аммо мутахассисин мегӯянд, дар нимаи моҳи июл умедворӣ ҳаст, ки рафтани ҳарорати ҳаво поин биравад, зеро ҳавои сардтар ва намноки шимолӣ аз баҳри Хазар ба ин минтақаҳо ворид мешавад. Мушоҳидаҳои ҳавошиносон нишон додаанд, ки дар ин давра дар тамоми қаламрави Туркманистон ва кулли Осиёи Марказӣ абрҳои намнок ба тамом вуҷуд надоштаанд.

Мутахассисон гуфтаанд, чунин гармии ҳаво ба саломатии инсонҳо хатарзо мебошад ва тавсия додаанд, ки дар чунин дараҷаи гармо кулоҳ ва ё чатри мудофеъ аз нурҳои офтобро бо хуб бигиранд. Дар ғайри сурат имкони зери зарбаи офтобӣ қарор гирифтан ва таҳдид ба ҳаҷми моеъи организм ва коҳиши об дар организм меоварад.
Мӯҳр
Patriot
Озодагон! Боду хаво шиноси не, боду хаво харду як чиз мебошанд.Дурусташ Обу хаво шиноси.

Наход Иршод барин одами босавод шахри машхури таърихии Тачанро (бо че-и точики) Теджене нависад. Хуб нашудаас ислох намоед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)