Бахшҳо

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари “Союз Сохтмон” барои қаллобӣ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати раҳбари ширкати сохтмонии “Союз Сохтмон” бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 90 ҳазор доллар, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, парванда аллайҳи ӯ дар пайи шикояти як сокини шаҳри Душанбе ифтитоҳ шудааст. Манбаъ мегӯяд, якуми июл сокини 24-солаи пойтахт ба Шӯбаи ВКД дар ноҳияи Сино муроҷиат карда, гуфтааст, “аввалҳои моҳи августи соли 2013 роҳбари ҶДММ “Союз Сохтмон”, марди 51-сола бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 26000 доллар гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди маҳаллаи 83 аз бинои баландошёнаи навсохт, ба ӯ хонаи истиқоматӣ медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст”.

Ба иттилои манбаъ, маълум гардидааст, ки раҳбари “Союз Сохтмон” ҳамчунин моҳи июли соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, 20000 доллари ӯро гирифта, ваъдаашро барои додани манзил иҷро накардааст: “Ҳамчунин, номбурда моҳи декабри соли 2013 бо ҳамин роҳ аз марди 44-солаи сокини пойтахт 48000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, раҳбари “Союз Сохтмон” қаблан бо моддаҳои 247 ва 253-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.
Мӯҳр
Хукукшинос
Чаро $ 26 000 маблагро бидуни хуччатгузории нотариали е бидуни гузаронидан ба хисоби бонки додааст? Манбаъи чунин маблагро ба даст овардани даъвогар аник шудааст ми?

Хукукшинос,
Ман хам яке аз хамин чабрдидахо хастам ки аз дасти ин одам зарари модди дидаам. Лекин ин одам то хол дар озоди гашта истодааст. Ман шахсан маблагхои Худамро дар хазинаи ин ташкилот дар асоси хучати хазинави супоридаам. Аммо шартномаи хамаи чабрдидагон дар нотариюс сабт нагардидаст. Мухимаш ин ки ин одам то хол фиреб карда дар озоди гашт истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)