Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Ҳушдори Назарбоев ба наздикону фарзандонаш: Ягон масуният надоред! » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 август 2019, 18:29

Ҳушдори Назарбоев ба наздикону фарзандонаш: Ягон масуният надоред!

2 июл 2015, 13:36

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз муборизаи шадид алайҳи ришвахорию фасодкорӣ дар кишвараш хабар дода, наздикону пайвандони худро ҳушдор додааст, ки дар сурати дастдарозияшон ба молу мулки давлатӣ онҳоро паси панҷара хоҳад фиристод.

Назарбоев ҳангоми шарҳи боздошти Серик Ахмедов, сарвазири пешини Қазоқистон гуфтааст, “тамоми дӯстону наздикон, хешу табор ва фарзандони худро ҳушдор медиҳам, ки онҳо аз ҳеч гуна масунияте бархурдор нестанду барои кори кардаи худ назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт”.

Ӯ таъкид кардааст, ки гӯиё ҳоло дар Қазоқистон маъракаи зидди фасодкорӣ шадидан идома дораду мансабдорони давлатӣ бояд дарк кунанд, ки ба молу мулки давлат набояд дастдарозӣ кард.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар идома аз боздошти Роҳат Алиев - собиқ домодаш ёдовар шуда, афзудааст, ки ҳарчанд падари набераҳояш буд, вале боз ҳам ӯро равонаи зиндон кард: “Магар мардум фаромӯш кардаанд, ки ман падари се набераамро пушти панҷара фиристодам? Оё онҳо ҳамроҳ бо модарашон бо чашми ашколуд назди ман наомада буданд? Албатта, омаданд, вале вақте дидам, ки ҳама аёну маълум аст, худдорӣ карда натавонистам. Ҳар чанд дӯстону наздикон талош кардан, ки маро розӣ кунанду гуфтанд: Биё ҳамааш дар дасти худат аст ва аз ту чӣ меравад?! Аммо накардам. Магар мешавад, ба куштори ду корманди бонк ва он ҳама азияти тоҷирон чашм пӯшид”.

Роҳат Алиев, ки то соли 2001 яке аз тоҷирони муваффақ ва дуюмин нафар дар мақомоти амниятии Қазоқистон маҳсуб меёфт, бо Дарига, духтари Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Соли 2001 ӯро ба ҳайси сафир ба Австрия фиристоданд ва баъдан дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо айбдор карданд. Худи Алиев гуфта буд, тасмимаш барои номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шудан, хашми Нурсултон Назарбоевро барангехта ва сабаби таъқибаш шудааст.

Роҳат Алиев аз баҳори соли 2007 дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебурд. Соли 2008 додгоҳи Қазоқистон Роҳат Алиевро дар ғайбаш барои анҷоми ҷиноятҳои вазнине, назири хиёнат ба Ватан, талоши табадуллоти давлатӣ ва куштор, аз ҷумла дар қатли менеҷерҳои “Нурбонк” - Жолдас Тимралиев ва Айбар Хасенов гунаҳкор дониста, ба 40 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июни соли 2014 Роҳат Алиев дар шаҳри Вена боздошт шуд ва Додгоҳи Австрия баъд аз ду бори рад кардани дархости ҷониби Қазоқистон барои бозпас фиристоданаш ба Ватан ӯро дар куштор муҷрим шинохта ба зиндон фиристод. Аммо баъдан ҷасади Алиевро дар зиндони Австрия пайдо кардаанд, ки масъулини ин зиндон гуфтанд, Алиеви 52-сола даст ба худкушӣ зад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рачаб

  • 2 июл 2015 14:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноб, ту хам метавони?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дигарон ибрат бигиранд хеле оли мешавад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз и мебарояд ки, баъди 70 сола шудан, компютер нав кор кард. о хеле вакт даркор будай)))))))
Посух додан
  • Абдулло

  • 2 июл 2015 18:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар мо агар инхел шавад, ягон домоди кати хсрош намемона дар берун...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!